Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > (ВИДЕО) Таҳдиди худкушии модари Солиҳов: Ӯ президентро таҳқир накардаст
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Дидгоҳи хос, Видео > (ВИДЕО) Таҳдиди худкушии модари Солиҳов: Ӯ президентро таҳқир накардаст

(ВИДЕО) Таҳдиди худкушии модари Солиҳов: Ӯ президентро таҳқир накардаст


4 март 2015, 11:00. Разместил: hd
Гулчеҳра Маҳмудова, модари Умедҷон Солиҳов, ки бо иттиҳоми узвият дар “Гуруҳи 24”-и Умаралӣ Қувватов ва таҳқири раисиҷумҳур ба 17 солу шаш моҳ равонаи зиндон шуд, мегӯяд, то замоне, ки ҷон дар бадан дорад, барои исботи бегуноҳии писараш мубориза хоҳад бурд.

Хонум Маҳмудова дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, фарзандаш бегуноҳ аст ва аз ҳукми додгоҳ розӣ нест. Ба қавли модари Умедҷон Солиҳов, аз қарори додраси парванда ба Додгоҳи олӣ, Додситони кулл ва Президенти кишвар шикоят мебарад: “Дар як оилаи камбағалона умр ба сар мебарем ва агар президент шикояти маро ба инобат нагирад, рафта дар назди дараш худамро ба қатл мерасонам. Ман чунин фарзанд тарбия накардаам, ки Президентро таҳқир карда бошад ё ягон хиёнати дигар карда бошад. Рафта аз ҳамсояҳо пурсед, ки фарзанди ман чи хел инсон аст, то имрӯз ҷиноят кардааст? Фақат дар хизмати ҷомеа буд. Ҳаминро ба инобат намегирад суду прокурору падари муҳтарами мо Ҷаноби олӣ, ки ман як модари се сол бемор, касалии дил, фақат муҳтоҷи ду сум пули фарзандам будам”.

Модари Умедҷон таъкид мекунад, агар писараш гуноҳгор мешуд, бо хоҳиши худашу даъвати модараш аз Русия баргашта намеоямад ва бо хоҳиши худ ба назди мақомот намерафт: “Ман се сол аст дар назорати духтур қарор дорам ва ӯро ба муҳоҷирати меҳнатӣ барои дарёфти пул фиристодаам. Мо дар интизори ду пул кор кардани фарзандам будам”. Ӯ мегӯяд, барои исботи бегуноҳии писараш мубориза хоҳад бурд.



17,5 соли зиндони узви "Гуруҳи 24":...барои таҳқири Президент


Ҳотам Раҷабзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, имрӯз, 4 март, Умедҷон Солиҳов, муттаҳам дар узвият ба созмони мамнуи “Гуруҳи 24”-ро ба 17 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Раҷабзода эълон намуд, ки барои маҷмуи ҷиноятҳо, аз ҷумла талоши ғасби ҳокимияти давлатӣ, вайрон намудани сохти конститутсионӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, таҳқири Президент ва ҷалби шаҳрвандон ба созмонҳои ҷиноӣ, Солиҳов ба 17 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуда, инчунин тайи 4 сол аз ҳаққи кор дар вазифаҳои роҳбарӣ маҳрум гардид. Додрас гуфт, чунин ҳукм бо назардошти бори аввал даст ба ҷиноят задан ва фарзандони хӯрд доштани ӯ содир шудааст.

Додрас зимни эълони ҳукм изҳор дошт, Умедҷон Солиҳов дар баробари Умаралӣ Қувватов ва Додоҷони Атоулло ба нашри матолибу наворҳои ифротӣ дар интернет машғул шуда, ҷавононро ба иттиҳоди ҷиноӣ даъват менамудааст. Аммо Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои Солиҳов гуфт, аз ин ҳукми додгоҳ розӣ нест ва аз болои он шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд.

Умедҷон Солиҳов охирҳои моҳи октябри соли 2014 аз сӯи мақомоти тоҷик боздошт шуда, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ӯро бар асоси моддаҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба “ғасби ҳокимият”, ”даъват ба экстремизм”, “ҷавобгарии ҷиноӣ барои ташкили гурӯҳи ҷиноӣ” дар ҳамкорӣ бо созмони “Гуруҳи 24” ва “таҳқири омавии президент” муттаҳам менамояд. Ба гуфтаи мақомот, гӯиё Солиҳов дар яке аз наворҳои паҳншуда дар интернет Эмомалӣ Раҳмонро дар фурухтани қитъаи замини Тоҷикистон ба Чин айбдор карда, истеъфои ӯро низ талаб кардааст.

Вернуться назад