Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Амрико ба Туркманистон таҷҳизоти низомӣ медиҳад
Главная > Туркманистон > Амрико ба Туркманистон таҷҳизоти низомӣ медиҳад

Амрико ба Туркманистон таҷҳизоти низомӣ медиҳад


31 март 2015, 12:15. Разместил: MG
Ашхобод барои ҳифозат аз марзи Туркманистон-Афғонистон аз Амрико дархости кӯмаки низомӣ кардааст.

Амрико ҳам дар навбати худ розӣ шуда ба Туркаманистон дар ин замина ёрӣ расонад. Остин Ллойд, раҳбари нерӯҳои мусаллаҳи Амрико дар гузориши солонаи худ дар ин бора ба Конгреси Амрико хабар дода гуфтааст, “ба наздикӣ Туркманистон барои таъмини амнияти марзи худ бо Афғонистон аз мо кӯмаки таҷҳизоти низомиву техникиро хостор шуд. Амрико ҳамаи имконоти худро барои кумак ба Туркманистон ба кор хоҳад бурд”.

Ба иттилои генерали амрикоӣ, дархост барои дарёфти кӯмакҳои низомиву техникӣ баъди хабарҳо дар мавриди ҳузури ҷангиёни Давлати исломии Ироқ ва Шом дар манотиқи марзии Афғонистон ироа шудааст.

Туркманистон ва Афғонистон 209 километр марзи муштарак доранд.

Вернуться назад