Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Гулбаҳор Ғаффорова ба ҳуш омад
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Тема дня > Гулбаҳор Ғаффорова ба ҳуш омад

Гулбаҳор Ғаффорова ба ҳуш омад


15 апрел 2015, 09:50. Разместил: hd
Гулбаҳор Ғаффорова, ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик, ки дар пайи як садамаи нақлиётии шоми 13-уми апрел дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи шаҳри Хуҷанд бистарӣ шуда буд, ба ҳуш омадааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” Фатҳуллло Абдуллоев, раҳбари гурӯҳи ҳаҷвии "Доно ва Коно", ки феълан Ғаффорова дар он ҷо фаъолият мекунад, хабар дод. Абдуллоев, имрӯз, 15-уми апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, вазъи саломатии Гулбаҳор имрӯз аллакай беҳтар шудааст ва ҳамроҳи писараш сиҳату саломатанд: “Ина навакак аз наздаш, аз хабаргирии ӯ баромадам, саломатияш беҳтар шудааст, табибон низ гуфтанд аллакай аҳволаш хуб шудааст, фақат барои табобати қабурғаҳяш 10-15 рӯзи дигар дар беморхона мемонаду ҳамроҳи писараш ҷавобаш медиҳанд”.

Абдуллоев афзуд, садамаи шоми 13-уми апрел, дар ҳоле рух додааст, ки худи Гулбаҳор сари фармони мошин ҳамроҳи писараш дар роҳ ба сӯи хонаашон ҳаракат доштаанд: “Ба писарчааш, ки дар садама ҳамроҳаш будааст, осебе нарасидааст”.

Гулбаҳор Ғаффорова, аълочии фарҳанги Тоҷикистон, зодаи шаҳри Исфара мебошад, ки дар гузашта дар театр-студияи "Хандинкамон"-и Хуҷанд кор карда, ду-се соли пеш ба гуруҳи "Доно ва Коно" пайваст.

Вернуться назад