Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Боздошт ва бозпурсии афроде, ки дар ҳабси амволи духтари президент даст доштанд
Главная > Узбакистон > Боздошт ва бозпурсии афроде, ки дар ҳабси амволи духтари президент даст доштанд

Боздошт ва бозпурсии афроде, ки дар ҳабси амволи духтари президент даст доштанд


6 май 2015, 10:28. Разместил: MG
Мақомоти интизомии Узбакистон мегӯянд, Ҷаҳонгир Ғуломов, раҳбари собиқи раёсати додгоҳии Вазорати адлияи Узбакистон оид ба ҳавзаи Тошканд, ки дар ҳабси амволи Гулнора Каримова, духтари бузурги раиси ҷумҳури Узбакистон даст дошт, дар додситонии шаҳри Тирмиз бозпурсӣ мешавад.

Ба навиштаи хабаргузориҳои Узбакистон, Ғуломови 43-сола баъди боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳаш ба Қазоқистон фирор мекунад ва моҳи апрели соли равон аз сӯи Хадамоти амнияти миллии Узбакистон боздошт ва ба Тирмиз оварда мешавад.

Мақомоти қудратии Тирмиз Ҷаҳонгир Ғуломовро дар ғорат кардани моли ҳабсшудаи Гулнора Каримова айбдор мекунанд. Дар ҳалномаи додгоҳ омадааст, Ғуломов солҳои 2013-2014 ҳамроҳ бо сардори раёсати мубориза бо ҷиноёти муташакил ва фасоди Хадамоти амнияти миллии Узбакистон -- Ҷавдат Шарифхоҷаев ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шуда, инчунин даст ба фасод ва ғорати пули давлат задаанд.

Гулнора Каримова духтари бузурги Ислом Каримов аст. Дар соли гузашта расонаҳо аз ҳабси амвол ва боздошти афроди наздик ба ӯ хабар доданд. Фаъолияти радиову телевизиони мутаалиқ ба вай қатъ шуд. Гулнора бо навиштани мактуб унвонии расонаҳо гуфт, ҳамроҳ бо духтараш дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.

Вернуться назад