Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ҳимоятгари пешини “Помир” бо “Локомотив”-и Маскав Ҷоми Русияро гирифт
Главная > Тоҷикистон, Ҷавонон ва варзиш > Ҳимоятгари пешини “Помир” бо “Локомотив”-и Маскав Ҷоми Русияро гирифт

Ҳимоятгари пешини “Помир” бо “Локомотив”-и Маскав Ҷоми Русияро гирифт


22 май 2015, 09:27. Разместил: MG
Игор Черевченко, собиқ ҳимоятгари тими “Помир”-и Душанбе ва яккачини футболи Тоҷикистон, ки ҳоло иҷрокунандаи вазифаи сармураббии бошгоҳи “Локомотив”-и Маскав аст, ҳамроҳ бо дастааш Ҷоми Русияро соҳиб шуд.

Дар қисмати ниҳойии сабқати футбол барои дарёфти Ҷоми Русия “Локомотив” бо ҳисоби 3:1 “Кубан”-ро мағлуб сохт. Вақти асосии бозӣ мусовӣ -- 1:1 анҷом ёфт. Дар вақти иловагӣ бозигарони “Локомотив” ду тӯби дигарро вориди дарвозаи ҳариф карданд.

Игор Черевченко аввалин нафарест, ки Ҷоми Русияро ҳам ба ҳайси бозигар ва ҳам тренер соҳиб шудааст. Солҳои 1996, 1997, 2000 ва 2001 ӯ ҳамчун бозишар ин ҷоизаро гирифта буд.

Пирӯзӣ дар Ҷоми Русияро Черевченко ба падараш -- Геннадий Черевченко, яке аз ситораҳои “Помир”-и Душанбе, ки соли гузашта аз дунё гузашт, бахшидааст. “Ин ғалабаро ба падарам мебахшам, ки маро футболбоз, тренер ва одам тарбия кард”,-гуфтааст ӯ дар суҳбат бо расонаҳои русӣ.

Вернуться назад