Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Заминларзаи 5,6-6 баллӣ Тоҷикистонро такон дод
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Заминларзаи 5,6-6 баллӣ Тоҷикистонро такон дод

Заминларзаи 5,6-6 баллӣ Тоҷикистонро такон дод


10 август 2015, 15:41. Разместил: hd
Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон аз ҷунбиши сахти замин дар марзи Тоҷикистону Афғонистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои ин манобеъ маркази ларзиши замин дар қаламрави вилояти Бадахшони Афғонистон, дар наздикиҳои ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон буда, иқтидори он дар марказ ҳудуди 6 балро ташкил додааст. Умқи ларзиши замин ба 216 километр баробар будааст.

Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон мегӯяд, заминларза соати 15:06 дар 300 километрии ҷанубу шарқи Душанбе дар қаламрави Афғонистон сурат гирифта, иқтидораш дар марказ ҳудуди 4,5 балро ташкил додааст: "Ларзиши замин дар Душанбе ба 3 бал баробар буд".

Феълан дар бораи хисороти заминларза иттилое ироа нашудааст.

Вернуться назад