Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Умед Мирзоев ба иттиҳоми қатли падараш равонаи зиндон шуд
Главная > Узбакистон, CV > Умед Мирзоев ба иттиҳоми қатли падараш равонаи зиндон шуд

Умед Мирзоев ба иттиҳоми қатли падараш равонаи зиндон шуд


10 август 2015, 18:39. Разместил: CV
Додгоҳи шаҳри Тошканд дар куштори Раҳматилло Мирзоев, натоқи маъруфи узбак писараш - Умед Мирзоевро айбдор дониста, барои 18 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Инчунин тибқи қарори додгоҳ Қудрат Шоазизов, яке аз дустони Умед низ дар куштори Мирзоев муттаҳам эълон шуда, ба муҳлати 17 сол равонаи зиндон гардидааст.

Ҷасади наттоқи маъруфи узбак субҳи 2 марти соли равон аз назди манзили зисташ дар маҳаллаи Чигатой-Оқтеппаи вилояти Тошканд бо захми зиёди корд пайдо шуда буд. Дар робита ба ин қазия он замон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба иттиҳоми куштор фарзандаш - Умед Мирзоев ва Қудрат Шоазизов, яке аз дустони Умед боздошт шуда буданд.

Раҳматилло Мирзоев яке аз наттоқони маъруфи барномаи “Ахбор”-и шабакаи телевизиони давлатии Узбакистон ба шумор рафта, таҷрибаи 40 соли кор дар телевизионҳои давлатии ин кишварро дошту моҳи сентябри соли равон ба синни 60-солагӣ қадам мегузошт.


Вернуться назад