Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > "ТоҷикЭйр" дар қатори ширкатҳои бадтарини ҳавонавардӣ
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Рӯ ба рӯ, Тема дня > "ТоҷикЭйр" дар қатори ширкатҳои бадтарини ҳавонавардӣ

"ТоҷикЭйр" дар қатори ширкатҳои бадтарини ҳавонавардӣ


31 август 2015, 15:38. Разместил: MG
Ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” ба рӯйхати бадтарин ширкатҳои ҳавоӣ шомил шудааст.

Skytrax, ширкати бритониёӣ оид ба омӯзиши сифати хизматрасонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳо рӯзи 29 август феҳрасти ширкатҳои ҳавонавардиеро нашр кард, ки сатҳи хизматрасонӣ ва маҳсули хатти муқаддамашон хеле паст аст. Миёни 23 ширкати ҳавопаймоии ҷаҳон, номи ширкати “ТоҷикЭйр” ҳам навишта шудааст.

Аммо масъулини “ТоҷикЭйр” мегӯянд, ба ин раддабандӣ розӣ шуда наметавонанд. Мунаввар Муллочаев, сухангӯи ширкати “ТоҷикЭйр” имрӯз, 31 август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “то ҳадди имкон кушиш мекунем, ки сатҳи хизматрасониамон хуб бошад. Мусофирон ҳеч шикояте надоранд”.
Ӯ афзуд, ҳолатҳое мешавад, ки ягон ҳавопаймо дар вақташ парвоз карда наметавонад ва ё бо каме таъхир мерасад, ки ба сабабҳои техникӣ ё номусоидии боду ҳаво марбутанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ як ширкати Туркманистон ва аз ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ Русия ва Украина низ вориди раддабандии Skytrax шудаанд. Рӯйхати ширкатҳои бадтарини ҳавопаймоӣ ҳамасола нашр мешавад ва “Koryo Air”-и Кореяи Шимолӣ соли чорум аст, дар мақоми аввали он нишастааст.

Вернуться назад