Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Манобеъ: Ҳоҷӣ Ҳалим аз Регар ғайб задааст
Главная > Тоҷикистон, Дидгоҳи хос, Тема дня > Манобеъ: Ҳоҷӣ Ҳалим аз Регар ғайб задааст

Манобеъ: Ҳоҷӣ Ҳалим аз Регар ғайб задааст


16 сентябр 2015, 09:20. Разместил: hd
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон -- Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо Ҳоҷӣ Ҳалим эҳтимол дар Ромит набошад.

Ба иттилои манбаъ феълан гуруҳеро, ки дар Ромит алайҳи мақомоти Тоҷикистон меҷанганд, эҳтимол собиқ полковники Вазорати мудофиа -- Ҷунайдуллоҳ Умаров роҳбарӣ мекунад: “Мақомот дақиқ кардаанд, ки ду рӯзи баъди даргирии 4 сентябр Ҳоҷӣ Ҳалим дар минтақаи Регар, дар хонаи як бонкдор будааст. Феълан макони будубошаш маълум нест”.

Хабари нопадид шудани генерали “исёнгар” аз навоҳии наздисарҳадӣ бо Узбакистон дар ҳолест, ки қаблан гуфта мешуд, Маҳмуд Худойбердиев, полковники фирории тоҷик низ дар ин кишвар паноҳ бурдааст.

Маврид ба зикр аст, ки Додситонии кулли Тоҷикистон "Ҳоҷӣ Ҳалим" ва собиқ полковники Вазорати мудофиа -- Ҷунайдуллоҳ Умаровро дар хиёнат ба давлат, ташкили иттиҳоди экстремистӣ, терроризм ва тахрибкорӣ муттаҳам мекунад ва тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо идома дорад.

Вернуться назад