Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > 5:1. Футболбозони ҷавони тоҷик ҳамсолонашон аз Туркманистонро шикаст доданд (АКС)
Главная > Тоҷикистон, Ҷавонон ва варзиш > 5:1. Футболбозони ҷавони тоҷик ҳамсолонашон аз Туркманистонро шикаст доданд (АКС)

5:1. Футболбозони ҷавони тоҷик ҳамсолонашон аз Туркманистонро шикаст доданд (АКС)


19 сентябр 2015, 09:54. Разместил: MG
Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-16) дар бозии дуввумаш дар даври тахассусии мусобиқоти Ҷоми Осиё-2016 яккачини ҷавонони Туркманистонро шикаст дод.

Тавре Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, ин бозӣ шоми дирӯз дар пойтахти Қатар -- шаҳри Доҳа баргузор гардида, футболбозони тоҷик бо ҳисоби бузург 5:1 ҳарифи худро мағлуб сохтанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳисобро Зиёвуддин Фузайлов дар дақиқаи аввали қувваозмоӣ боз кард. Тӯби дуюми Тоҷикистонро Ваҳдат Ханонов ба самар расонда, голи сеюмро бозигари туркман -- Агаҷан Ҷумаев иштибоҳан вориди дарвозаи худаш сохт. Муаллифи ду голи дигар -- Мубинҷон Муминов ва Аваз Камчинов буданд. Тӯби ягонаи яккачини Туркманистонро Қарабеков дар дақиқаи 85-уми бозӣ ба ҳадаф расонд.

Яккачини Тоҷикистон дар бозии нахустинаш аз тими Ироқ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд, аммо бо ғолибият бар тими Туркманистон тавонист имконият барои иштирок дар бозии финалии даври гуруҳиро ба даст биёрад.

Ҳайати тими мунтахаби ҷавонони кишвар таҳти роҳбарии сармураббии даста Зайниддин Раҳимов дар мусобиқоти Ҷоми Осиё-2016 аз ин қабил аст: Дарвозабонҳо: Далер Азизов (“Регар-ТадАЗ”), Хисрав Раҳимов (“Саройкамар”), Меҳвар Сулаймонов (“Помир”); Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов, Шаҳром Абдуллоев (“Истиқлол”), Султоншо Мирзоев, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Ҳусейн Нурматов, Амир Иброҳимов, Манучеҳр Сафаров, Ҳувайдо Малиев (Помир), Нимҳимоятгарон: Саидмухтор Азимов, Аслам Камолов, Шервони Мабатшоев, Фаридун Неъматов, Искандар Солиев (Помир), Зиёвуддин Фузайлов (Истиклол); Ҳамлагарон: Мубинҷон Муминов, Рамз Амрохонов, Аваз Камчинов, Тоҳир Малодустов, Шаҳзод Давлатов (Помир), Далер Ёдгоров (Истиқлол).


5:1. Футболбозони ҷавони тоҷик ҳамсолонашон аз Туркманистонро шикаст доданд (АКС)

5:1. Футболбозони ҷавони тоҷик ҳамсолонашон аз Туркманистонро шикаст доданд (АКС)

5:1. Футболбозони ҷавони тоҷик ҳамсолонашон аз Туркманистонро шикаст доданд (АКС)

5:1. Футболбозони ҷавони тоҷик ҳамсолонашон аз Туркманистонро шикаст доданд (АКС)

5:1. Футболбозони ҷавони тоҷик ҳамсолонашон аз Туркманистонро шикаст доданд (АКС)

5:1. Футболбозони ҷавони тоҷик ҳамсолонашон аз Туркманистонро шикаст доданд (АКС)

5:1. Футболбозони ҷавони тоҷик ҳамсолонашон аз Туркманистонро шикаст доданд (АКС)

5:1. Футболбозони ҷавони тоҷик ҳамсолонашон аз Туркманистонро шикаст доданд (АКС)

Вернуться назад