Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Интиқоди Шарофзода аз саҳлангорӣ дар номгузории маҳалҳо: Номҳои таърихиро аз даст додем...
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Дидгоҳи хос, Тема дня > Интиқоди Шарофзода аз саҳлангорӣ дар номгузории маҳалҳо: Номҳои таърихиро аз даст додем...

Интиқоди Шарофзода аз саҳлангорӣ дар номгузории маҳалҳо: Номҳои таърихиро аз даст додем...


29 сентябр 2015, 15:39. Разместил: hd
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, аз саҳлангорӣ дар номгузориҳои ҷуғрофӣ дар кишвар интиқод намуд, ки боиси аз байн рафтани бисёр номҳои таърихии маҳалҳо шудааст.

Шарофзода, дар ҳошияи конфронси ҷумҳуриявӣ - «Номҳои ҷуғрофӣ ва суннати номгузорӣ» пешниҳод кард, ки комиссияҳои номгузорӣ аз ҳисоби таърихшиносон, забоншиносон ва донандаҳои дигари фарҳанги қадимию мардумӣ ташкил шаванду масъалаи номгузории шаҳру деҳот ва кӯчаву хиёбон амиқ омӯхта шавад.

Ба гуфтаи иштирокдорони ҳамоиш бисёри ҷойҳо, ки номҳои таърихӣ доштаанд, ба номи ашхос гузошта шудаанд ва бархе аз номҳо зиёд такрор шудаанд.
Қаблан Умед Ҷайҳонӣ, пажуҳишгари ҷавони тоҷик дар шарҳи тағйири номи бархе аз маҳаллаҳои Тоҷикистон гуфт, “Ваҳдат”, “Истиқлол” ва “Иттифоқ”, ки аслан ҷойном нестанд, чунон бисёр шудаанд, ки бемаънитару беҳудатар шудаанд.

Умед Ҷайҳонӣ инчунин барои дарёфти роҳи дурусти номгузориву номгардониҳо чунин чораҳоро пешниҳод кард:

1. Агар бахшҳо, ободиҳо ва кӯҳу пуштаву дашту даману дарёву рӯдҳо номи тоҷикии торихӣ доранд, ҳамон ҷойномҳо бояд эҳё шавад;
2. Барои тоҷикӣ гардондани ҷойномҳои бегона аз шумори кормандони Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт ва Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ниҳод ва ё коргурӯҳи вижаи номгузорӣ ва номгардонӣ ташкил ва масъули пажӯҳиши ҷойномҳои кишвар шавад;
3. Дар гузиниши ҷойномҳои нав дар дараҷаи аввал эҳёи номҳои пешина ва бостонии ин ҷойҳо ва ё ҷойҳои наздик ба онҳо бо пажӯҳиш дар китобҳо ва манобеъи мавҷуд дар назар гирифта шавад.
4. Дар дараҷаи дувум сохтани ҷойномҳои нави созгор бо шароити маҳаллӣ ва вижагиҳои замнигорӣ (ҷуғрофиёӣ) дар назар гирифта шавад.
5. Номи бузургони адабу илму фарҳангу ҳунар бар созмонҳову ниҳодҳои илмиву адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ ниҳода шавад, на бар шаҳру рустову деҳу дигар воҳидҳои марзӣ-маъмурӣ.
6. Бархе аз номҳои гузошташуда дар замони шуравӣ аз барои ёдбуди торихи навини кишвар нигаҳ дошта шавад.

Вернуться назад