Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Хабари ба Тоҷикистон баргаштани бародари фирории Лангарӣ Лангариев
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Рӯ ба рӯ, Тема дня > Хабари ба Тоҷикистон баргаштани бародари фирории Лангарӣ Лангариев

Хабари ба Тоҷикистон баргаштани бародари фирории Лангарӣ Лангариев


6 октябр 2015, 10:26. Разместил: MG
Бахтиёр Лангариев, бародари Лангарӣ Лангариев, собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ баъди 7 соли бедарак буданаш, дигарбора ба Тоҷикистон баргаштааст. Дар ин бора "TojNews” бо такя ба манбаи худ дар Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода, навиштааст, Бахтиёр ҳоло интизори “таъинот” мебошад. Наздикони Лангариевҳо низ баргаштани Бахтиёрро рад накарда, аммо нахостаанд дар ин мавзӯъ суҳбат кунанд.

Полковник Бахтиёр Лангариев, писари Салмон Лангариев, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз хонаводаҳои маъруф ва пешсафи Фронти халқӣ буданд, баъди ҳодисаи моҳи май дар шаҳри Кӯлоб ва боздошти бародари хурдиаш Суҳроб Лангариев бедарак гардид. 27 майи соли 2008 неруҳои мақомоти давлатӣ манзили Суҳроб Лангариеви 29-соларо муҳосира намуда, ӯро дар қочоқи маводи мухаддир ва нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ муттаҳам карданд. Он замон гуфта мешуд, Суҳроб аз соли 2002 бо иттиҳоми “роҳзанӣ” дар ҷустҷӯ қарор дошт.

Дар пайи даргирӣ миёни мақомот ва Суҳроб Лангариев, ки 15 соат идома ёфт, 4 тан кушта, 9 нафар захмӣ шуданд. Суҳроб Лангариев, Аъзам Лангариеви 24-сола, писари Лангарӣ Лангариев ва Нурмаҳмад Сафарови 22-сола, писари Сангак Сафаров, додарарӯси Сӯҳроб боздошт шуданд. Дар моҳи апрели соли 2009 Суди олӣ Суҳроб Лангариев ва писари Сангак Сафаровро ба ҳабси якумра, Аъзам Лангариевро барои 21 сол равонаи зиндон кард.

Аз он замон инҷониб полковник Бахтиёр Лангариев, ки дар вазифаи сардори Раёсати минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили шаҳри Душанбе кор мекард, бадарак шуд. Бобои Салмон (Салмон Лангариев) падари ин хонадон ба расонаҳо гуфта буд, ки писаронаш Бахтиёр ва Файзалӣ дар ин қазияҳо ширкат надоштанд, ҳатто наздикӣ ҳам накарданд. Расонаҳои кишвар бо такя ба манобеашон хабар доданд, ки Бахтиёр Лангариев ба ҷурме муттаҳам намешавад ва дар пайгард низ қарор надорад.

Вернуться назад