Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Назарбоев ва Порошенко иҷрои созишҳои Минскро баҳс мекунанд
Главная > Қазоқистон > Назарбоев ва Порошенко иҷрои созишҳои Минскро баҳс мекунанд

Назарбоев ва Порошенко иҷрои созишҳои Минскро баҳс мекунанд


9 октябр 2015, 14:30. Разместил: MG
Дар дидори раиси ҷумҳурии Украина Петр Порошенко бо нахуствазири Қазоқистон Карим Масимов мавзӯи густариши боркашонӣ аз Осиё ба Аврупо ба воситаи қаламравҳои Қазоқистон ва Украина дар чаҳорчӯбаи тарҳи "Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим" аз Чин то Аврупои Ғарбӣ баррасӣ шуданд.

Интизор меравад, ки имрӯз дар Остона гуфтушуниди Порошенко бо ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев баргузор шавад. Масоили равобити дуҷониба ва иҷрои созишҳои Минск аз мавзӯъи меҳварии ин дидор шумурда шудаанд.

Порошенко бо сафари дурӯза вориди Қазоқистон шуда, гуфта мешавад, ки ҳавопаймои вай ба хатсайре парвоз кард, ки аз ҳарими ҳавоии Русия нагузарад.

Вернуться назад