Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Хадамот ба муҳоҷирон: Маълумотномаи тиббии №86 бигиред
Главная > Тоҷикистон, Муҳоҷир > Хадамот ба муҳоҷирон: Маълумотномаи тиббии №86 бигиред

Хадамот ба муҳоҷирон: Маълумотномаи тиббии №86 бигиред


12 октябр 2015, 11:36. Разместил: MG
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пулиси Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҳар баҳона ҷарима мекунад.

Маҳмадулло Акобиров, як муҳоҷири тоҷик ба “Озодагон” гуфт, ахиран дар пайи як рейд алайҳи терроризм дар вилояти Тюмен, бештари муҳоҷирон ҷарима шуданд: “Ин рейд 10 рӯз идома дошт. Бо баҳонаи мубориза бо терроризм муҳоҷирони зиёдро ҷарима карданд. Ҳоло он рейд ба анҷом нарасида, боз гуфтанд, ки то 10 октябр ҳамингуна як рейди дигар гузаронида мшавад”.

Оқои Акобиров афзуд, аксари муҳоҷироне, ки дар Тюмен кор мекунанд, дорои патент ва суғуртаи тиббӣ ҳастанд, аммо бо ҳар баҳона онҳо ҷарима ё ихроҷ мешаванд: “Мо як гуруҳ ҷавонон дар хонаҳои шахсии шаҳрвандони Русия кор мекунем. Ба маблағи зиёда аз 25 ҳазор рубли русӣ патент харидорӣ карда, ҳар моҳ 3 ҳазор рубли русӣ ҳаққи андоз месупорем. Нафароне, ки патент доранд бо баҳонаи надоштани ҳуҷҷати суғуртаи тиббӣ ва ҳатто аз ҷониби БДА-и Русия ҷарима мешаванд”.

Ӯ гуфт, вақте ҳуҷҷати суғуртаи тиббии аз Тоҷикистон гирифтаро ба пулиси рус нишон медиҳанд, онҳо мегӯянд, ин ба мо лозим нест, бояд ҳамин ҳуҷҷат аз Русия гирифта шавад: “Вақте суғуртаи тиббиро аз Тоҷикистон гирифтем, гуфтаанд, ки дар Русия ҳам эътибор дорад”.

Дар ҳамин ҳол, Абдулло Қодирӣ, сухангӯйи Хадамоти муҳоҷират ба “Озодагон” гуфт, минбаъд барои шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик зарур аст, пеш аз сафар ба Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Русия маълумотномаи тиббии №86 бигиранд. Ӯ гуфт, тибқи мувофиқатномаи ахире, ки миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербурги Русия имзо шуд, дар ҳолати надоштани ҳуҷҷати мазкур шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор қабул намешаванд.

Вернуться назад