Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > АКС: Корхонаҳои ҳабсшудаи “Ҳоҷӣ Ҳалим” боз фаъол шуданд
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Тема дня > АКС: Корхонаҳои ҳабсшудаи “Ҳоҷӣ Ҳалим” боз фаъол шуданд

АКС: Корхонаҳои ҳабсшудаи “Ҳоҷӣ Ҳалим” боз фаъол шуданд


12 октябр 2015, 15:02. Разместил: hd
Бархе аз корхонаҳои ҳабсшудаи собиқ ноиби вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" дубора фаъол шудаанд.

Аз ҷумла қаҳвахонаи “Бахтиёр”, ки тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон ба собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода тааллуқ дошт, дубора ба фаъолият оғоз кардааст. Ин қаҳвахона, ки дар кӯчаи Аҳмади Дониш дар маҳаллаи “Гардиши фурудгоҳ” ҷойгир аст, баъди ошӯби Назарзода аз ҷониби мақомот баста шуда буд.

Яке аз кормандони ин қаҳвахона имрӯз, 12 октябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, қаҳвахонаро, ки ба номи яке аз писарони "Ҳоҷӣ Ҳалим" буд, ҳоло давлат гирифтааст: “Ҳозир дар баланси прокуратураи генералӣ аст ва даромадҳояш ба суратҳисоби давлат мегузарад”.

Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон феҳрасти амволи "Ҳоҷӣ Ҳалим"-ро нашр карда, дар баробари қаҳвахонаи “Бахтиёр”, ширкати “Сохтмон Р”, толори варзишии “Лидер”, тарабхонаи “Зайтун”, се истироҳатгоҳи боҳашамат бо номи “Зафар” дар Варзоб, хоҷагии деҳқонии “Тобистон” ва хоҷагиҳои асппарварию парвариши чорвои калони шохдор дар ноҳияи Раштро ном бурд.


АКС: Корхонаҳои ҳабсшудаи “Ҳоҷӣ Ҳалим” боз фаъол шуданд

АКС: Корхонаҳои ҳабсшудаи “Ҳоҷӣ Ҳалим” боз фаъол шуданд

Вернуться назад