Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Даъвати Шӯрои уламо барои муборизаи беамон бо салафиҳо
Главная > Тоҷикистон, Дин ва зиндагӣ, Тема дня > Даъвати Шӯрои уламо барои муборизаи беамон бо салафиҳо

Даъвати Шӯрои уламо барои муборизаи беамон бо салафиҳо


26 ноябр 2015, 09:22. Разместил: MG
Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо содир кардани фатво ҳамаи амалҳои равияи “Салафия”-ро хилофи шариати Ислом, аз ҷумла хилофи мазҳаби ҳанафӣ хонда, пайравӣ намудан аз ин равияро ноҷоиз донистааст. Ин ниҳод гуфта, “Салафия” мардумро ба гумроҳӣ бурда, боиси эҷоди фитна дар байни мусулмонон ва ноамнии кишвар мегардад.

Ин фатво дар торнамои расмии Шӯрои уламо нашр шуда, дар он гуфта мешавад, шомил шудани ҷавонони Тоҷикистон ба равияи “Салафия” ва пайравӣ аз он пайравӣ аз ҳавои нафс буда, боиси ривоҷи бемазҳабӣ дар кишвар мегардад, дар ҳоле ки аксарияти мардуми кишвар пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд: “Яккамазҳабӣ ва пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ дар замони кунунӣ, ки аксари мамолики исломӣ ба ҷангу ноамниҳои дохилӣ гирифторанд, яке аз омилҳои асосӣ барои пойдории сулҳу салоҳ ва оромии кишвар мебошад”.

Дар идома Шӯрои уламо равияи “Салафия”-ро дорои ақидаи террористӣ хонда мегӯяд, “дар натиҷаи паҳншавии равияи мазкур чандин кишварҳои ободу ором вайрону валангор гаштанд ва садҳо ҳазор мардуми бегуноҳ ваҳшиёна ба қатл расонда шуданд”.

Ин ниҳод таъкид намуда, ки тарғиби ақидаи “Салафия” – тарғиби терроризм дар ақсои олам буда, сабаби бадном шудани дини мубини Ислом мебошад: “Аз ҳамаи мусулмонони кишвар даъват ба амал меорем, ки бо пайравони “Салафия” муборизаи беамон бурда, ҷиҳати ҳифзи муқаддасоти динӣ, аз ҷумла мазҳаби ҳанафӣ муттаҳид бошанд. Зеро мазҳаби аҷдодии мо 1300 сол инҷониб роиҷ буда, мазҳаби таҳаммулпазир ва инсондӯст мебошад. Ин мазҳабест, ки дар тӯли ҳазорсолаи охир аз ҷониби тамоми уламои кибор назарсанҷӣ шуда, ҳама бар бузургии Имоми Аъзам иттифоқ кардаанд”.

Дар матлабе, ки Шӯрои уламо нашр кардааст, гуфта мешавад, пайравони “Салафия” дар масҷиду маҳфилҳо корҳои таблиғотӣ бурда, мазҳаби моро таҳқир ва пайравони онро бидъаткор мехонанд, бо уламои суннатӣ баҳсҳо доир намуда, кушиш мекунанд дар байни мардум афзалият ва бартарии равияи “Салафия”-ро тарғиб кунанд: “Баъзе ҷавонони зудбовар ва аз таълимоти мазҳабӣ бехабар, ба даъвату гуфтори “салафиён” бовар карда, ғолибан кӯр-кӯрона ба онҳо тақлид мекунанд. Дар натиҷа чандин гурӯҳҳое ташкил шуданд, ки дар ибодат, тарзи либоспӯшӣ, одобу рафтор аз мусулмонони ҳанафимазҳаб фарқ мекунанд. Чунин гурӯҳҳо дар муомила бо мардум дуруштхӯ буда, дар масҷидҳо намоишкорона суннат намехонанд”.

Дар идомаи матлаб омадааст, “куштор, ғоратгарӣ, одамсӯзӣ ва тамоми даҳшати Сурия, Ироқ, Афғонистону Покистон натиҷаи фаъолияти Салафия аст. Маҳз Салафия бо тарғиби бемазҳабӣ, такфири мусулмонон, ҷорӣ намудани ақидаи тундрав чандин кишварҳои ободу оромро ба вартаи ҷанг кашида, имрӯз мехоҳад дар Тоҷикистон низ ҳамин равияро ҷорӣ созад. Салафия дар ҳар давру замон шаклашро иваз намуда, мехоҳад худро дар байни мардум ҷой кунад, фардо алайҳи давлату ҳукумат қиём намояд ва мардумро бо шиорҳои сохтаи дурӯғини исломӣ барангезад. Масалан, аъзоёни ДИИШ пурра пайрави Салафия буда, қариб буд, Сурияву Ироқро аз байн баранд, зеро дар ақидаи салафия мафҳумҳои ватан, миллат, урфу одат, қиёсу истеҳсон вуҷуд надорад. Салафия падидаест, ки аз дини мубини Ислом истифода бурда, миллатҳоро несту нобуд ва давлатҳоро ба фано мебарад”.

Шӯрои уламо мегӯяд, ҷавонони салафимаоби тоҷик, ки айни ҳол дар Сурияву Ироқ меҷанганд, вақте ба Тоҷикистон баргарданд, ҳатман ватани моро ноором мекунанд: “Барояшон муҳим нест, ки киро мекушанд, модари тоҷик ё кӯдаки ширхорро? Дар камтарин муддат Тоҷикистонро ба Сурияву Ироқ, Яману Афғонистон мубаддал мекунанд. Зеро натиҷаи таълимоти Салафия чунин аст. Бинобар ин фирефтаи дурӯғу сафсата набояд шуд”.

Моҳи январи соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти равияи "Салафия"-ро дар кишвар манъ карда, моҳи декабри соли 2014 онро “экстремистӣ” эълон кард.

Вернуться назад