Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Аз таҷҳизоти фарсудаву кӯҳна дар истеҳсолот даст кашидан зарур аст
Главная > Хабарҳои ҷаҳон > Аз таҷҳизоти фарсудаву кӯҳна дар истеҳсолот даст кашидан зарур аст

Аз таҷҳизоти фарсудаву кӯҳна дар истеҳсолот даст кашидан зарур аст


26 октябр 2011, 09:32. Разместил: administrator
«Истифодаи хатҳои технологии пешқадам дар соҳаи коркарди намаки ошӣ ва коркарди меваю сабзавот».


Таҳти чунин унвон дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон семинари вижае баргузор гардид. Тавре аз маркази матбуотии вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Дар ин ҳамойиш масоили марбут ба сифати намаки ошӣ,  зарурати босифат ба роҳ мондани коркарди ашё, истифодаи самараноки захираҳои бойи табиӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба маълумоти манбаъ, аксари  корхонаҳои ин вилоят аз имкониятҳои мавҷуда, махсусан дар соҳаи коркарди намаки ошӣ истифода  намебаранд: «Дар соҳаи коркарди меваю сабзавот ҳам камбудиҳо аз қабили истифода набурдани иқтидорҳои мавҷуда, ҷорӣ  накардани технологияи нав ва ғайра ба назар мерасанд» Зимни  семинари мазкур роҷеъ ба дарёфти роҳҳои ҳалли масъала таъкид гардидааст, ки барои рушди ин соҳа  фаъолияти мунтазам, афзоиши маҳсулот, сарфаи нерӯи барқ, истифодаи самараноки  ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти дастрас ва ба рақобат тобовар, ҷиҳати ҷорӣ намудани навоварӣ, хусусан дар самти воридоти техника ва технологияи  пешқадам дар истеҳсолот ва зина ба зина даст кашидан аз дастгоҳу таҷҳизоти кӯҳнаю фарсуда, ки ба рушди истеҳсолот монеъа эҷод менамояд, зарур аст.{jathumbnail off}


Вернуться назад