Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Чаро сармоягузорон ба Тоҷикистон намеоянд?
Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Дидгоҳи хос > Чаро сармоягузорон ба Тоҷикистон намеоянд?

Чаро сармоягузорон ба Тоҷикистон намеоянд?


14 декабр 2015, 09:45. Разместил: MG
Атохон ҒАНИЕВ

Мувофиқи таҳлили Бонки ҷаҳонӣ новобаста ба гузаронидани ислоҳоти мусбӣ оид ба ихтисор кардани монеаҳои бюрократӣ барои тиҷорат ва ҷалби сармояҳои нав Тоҷикистон сатҳи пасти сармояҳои хусусиро нигоҳ медорад. Тоҷикистон вобаста ба пешбурди тиҷорат миёни 189 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 166 қарор дорад.

Ахиран, Бонки Осиёии Рушд дар ҳаҷми 60 миллион доллари амрикоӣ барои васеъ намудани имкониятҳои манфиатноки иқтисодӣ, рушди сохтори хусусӣ ва ҷалби сармоя ба Тоҷикистон кумаки молӣ ҷудо намуд. “Кумаки молӣ ва машваратҳои техникӣ ба дастгирии ҳукумат оиди гузаронидани ислоҳоти сохторӣ барои рушди тиҷорат аст. Ин имкон медиҳад, ки ҷойҳои корӣ бо маоши хуб таъсис ёбад”, - қайд намуд Рубен Баррето, мутахассиси сохтори молиявии Идораи БОР оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ.

Моҳи октябри соли ҷорӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони “Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор” изҳор дошт, “дар давоми солҳои 2000-2014 ҳаҷми маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ аз 109 миллион сомонӣ то 7,4 миллиард сомонӣ ё 68 баробар ва шумораи корхонаҳои саноатӣ 1116 адад зиёд гардид”.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар соҳаҳои зерин барои ҷалби сармоягузорӣ пешбинӣ шудаанд: энергетика,саноати кӯҳӣ,саноати химиявӣ,сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, сайёҳӣ.

Ҳукумати Тоҷикистон барои он ки миқдори бештари сармоягузоронро ҷалб кунад, як қатор имтиёзҳои андозӣ ва гумрукиро пешниҳод намудааст. Аз ҷумла, озодгардонӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз нархи иловашуда ҳангоми воридоти таҷиҳизотҳо ва воситаҳои комплектии истеҳсолӣ-технологӣ, молу амволи шахсӣ барои истифодаи шахсӣ аз ҷониби кормандони хориҷии корхонаҳои дорои сармояи хориҷӣ,масолеҳ барои татбиқи лоиҳаҳои мақсаднок, масолеҳ барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва масолеҳ барои истифодаи шахсии корхонаҳои нав таъсисдодашуда, ки машғули коркарди пурраи нахи пахта то ба барориши маҳсулоти ниҳоӣ мебошад. Имтиёзи дигар озодкунӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва озодкунӣ аз андоз аз фоида мебошанд.

Мувофиқи маълумотҳои расмӣ корхонаҳое, ки дар соҳаи истеҳсоли маҳсулот таъсис дода мешаванд, ҳангоми интиқоли ҳаҷмҳои дар поён зикргардидаи сармоя ба фонди оинномавӣ, аз андоз аз фоида ба мӯҳлати зерин озод карда мешаванд:
2 сол, агар ҳаҷми сармоя то $500 ҳазорро ташкил диҳад;
3 сол, агар ҳаҷми сармоя аз $500 ҳазор то $2.0 миллионро ташкил диҳад;
4 сол, агар ҳаҷми сармоя аз $2.0 миллион то $5.0 миллионро ташкил диҳад;
5 сол, агар ҳаҷми сармоя зиёда $5.0 миллионро ташкил диҳад;

Чаро новобаста ба он ки ҳукумати Тоҷикистон имтиёзҳои зиёде барои сармоягузорон пешниҳод мекунад, наметавонем сармоядорони бештареро ба кишвар ҷалб кунем? Коршиносони Бонки Авруосиёии рушд зимни таҳлили сохтори иқтисодиёти Тоҷикистон навиштаанд, ки “сатҳи пасти ҷаззобияти фазои сармоядории Тоҷикистон вобаста ба ҳиссаи бештар доштани сохтори ғайрирасмӣ, сарбории андоз ва нобоварӣ ба институтҳои молиявии мамлакат аст”.
Дар ин гузориш инчунин омадааст, дар Тоҷикистон ки чанд омилҳои мусбӣ мавҷуданд, ки метавонанд барои некӯаҳволии иқтисодӣ ва ҷаззобияти сармоягузорӣ мусоидат кунанд.

Ба андешаи ходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Собир Вазиров барои ҷалби бештари сармоягузорони хориҷӣ чанд омилҳои муҳим мавҷуданд: “Рақобати солим, бозори озод, инчунин таъмини амният ва суботи сиёсӣ”. Вале таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар фазои сармоягузории кишвар рақобати солим байни корхонаҳои истеҳсолӣ ё истихроҷӣ маъдан вуҷуд надоранд. Аксар сармоягузорон ва тоҷирони маҳаллӣ зимни бархӯрд ба ин ё он муаммо ё мушкилот бештар аз роҳҳои ғайрирасмӣ истифода мебаранд на аз тариқи даъвоҳои судию арбитражӣ. Зимни гузаронидани тендерҳо оиди дарёфти иҷозатнома барои истихроҷи маъдан дар ин ё он кон низ шаффофият чандон таъмин намегардад.

Аксари сокинони маҳаллӣ-соҳибони асосии конҳо хабар надоранд, ки сармоягузори асосӣ кист, чӣ миқдор сармоя ворид кардааст, дар кадом шакл, аз фоидаи ба даст овардааш чӣ миқдор барои ободии маҳал ва дастгирии иҷтимоии табақаҳои ниёзманди ҷомеа сарф мекунад. Аз ҷониби дигар сармоягузорон низ кўшиш мекунанд, то ҳар чӣ бештар фоида ба даст оварда, фоидаи худро кам нишон диҳанд ва пардохти андозро бо ҳар баҳона ба таъхир меандозанд. Аз ҷумла баҳси молии байни Кумитаи андози Тоҷикистон ва корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин - “Зарафшон”, ки ба истихроҷи тилло машғул аст далели гуфтаҳои болост.

Дар асоси маълумотҳо бинобар қарзи калони корхонаи муштараки “Зарафшон” дар ҳаҷми 200 миллион сомонӣ аз ҳисоби андоз, Кумитаи андоз суратҳисоби онро маҳдуд кардааст. Дар натиҷа аз ин баҳси молӣ коргарони маҳаллӣ зарар дидаанд. Ба гуфти роҳбари корхона Чун Ша Дин бо далели дар ҳисоб набудани маблағ кормандон музди меҳнати худро нагирифтаанд.

Тавре роҳбари давлат дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ қайд кард, то ба имрӯз дар аксар ҳолат захираҳои табиӣ бе коркарди саноатӣ, дар шакли ашёи хом ба хориҷа содирот карда мешаванд. Яъне содир кардани захираҳои табиӣ ба хориҷа барои сармоягузорон хеле муфид аст. Дар сурати коркард нашудани ашёи хом онҳо чанд маротиба бештар фоида мебинанд. Тоҷикистон бошад чун кишвари содиркунандаи ашёи хом аз миллионҳо сомонӣ даромаде, ки дар натиҷаи коркарди саноатӣ ба даст меояд, маҳрум мешавад.

Агар ҳукумат барои содироти захираҳои табииро чун ашёи хом монеъ шавад ва сармоягузорон онро дар дохили кишвар коркард намоянд, аз ин ҳисоб метавон боз чанд ҳазор мардуми маҳаллиро бо ҷойҳои нави корӣ, маоши хуб таъмин намуд ва буҷети мамлакат ҳам аз андозҳои гуногун метавонад манфиати зиёде ба даст орад.

Боз муҳим ин аст, ки имтиёзҳо ва озодкунӣ аз андози даромад барои ҳаҷми сармоя кам карда шавад, то ба ин восита сармоягузорони бештар ҷалб гарданд. Агар сармоягузор бубинад, ки тарзи гузаронидани тендерҳо ва тартиби андозбандӣ шаффоф аст, ба сармояи ӯ ҳеч хатаре таҳдид намекунад, кафолатҳои ҳукумат вобаста ба таъмини амнияти сармоягузорон ӯро қонеъ месозад, институтҳои молиявӣ озоду шаффофанд ва пардохтҳои ғайрирасмӣ вуҷуд надорад, бе ҳеч дудилагӣ сармояи худро ворид месозад. Албатта он чиз низ пӯшида нест, ки ба ғайр аз омилҳо ҳар сармоягузор пеш аз маблағгузории ин ё он лоиҳа манфиатҳои худро ба назар мегирад ва дар аксари ҳолатҳо кӯшиш мекунад, ки аз имтиёзҳо низ суъиистеъмол намояд.
Агар Тоҷикистон тавонад сармоягузорони воқеиро аз кишварҳои Осиёву Аврупо дилгарм намояд ва сармояи онҳоро ҷалб созад, аз ин на танҳо буҷети давлат бурд мекунад, балки халқи тоҷик низ баҳраманд мешавад. Хусусан дар замоне, ки бӯҳрони молиявӣ ҳама ҷоро фаро гирифта...

Вернуться назад