Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Вазир: Худам занг задам, мардум 13 соат барқ мегиранд
Главная > Тоҷикистон, Тема дня > Вазир: Худам занг задам, мардум 13 соат барқ мегиранд

Вазир: Худам занг задам, мардум 13 соат барқ мегиранд


27 январ 2016, 16:06. Разместил: hd
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, феълан мардуми кишвар дар як шабонарӯз 13 соат бо нерӯи барқ таъмин мебошанд.

Усмонзода, имрӯз, 27 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки шахсан бо навоҳии Тоҷикистон дар тамос шуда, муътақид шудааст, ки мардум воқеан дар як шабонарӯз 13 соат барқ мегиранд. Ӯ изҳор дошт, ки бо назардошти гарм омадани ҳаво аз моҳи феврал интиқоли нерӯи барқ ба мардум бештар мешавад.

Вазири энергетика аз суҳбат дар мавриди лағви пурраи “лимит” худддорӣ карда, изҳор дошт, ки он ба вазъи обу ҳаво бастагӣ дорад.

Масъулини Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон низ, ки ҳамарӯза таъминоти мардум бо барқро пайгирӣ мекунанд, тасдиқ карданд, ки аксари навоҳии кишвар 13 соат ва бештар аз он барқ мегиранд. Тибқи мониторинги ин ниҳод рӯзи 26 январ Ашт, Ғончӣ, Айнӣ, Спитамен, Зафаробод-12 соат, Мастчоҳу Панҷакенту Шуробод-11 соат ва Конибодом-10 соат нерӯи барқ гирифта, навоҳии боқимонда 13 соат ва аз он зиёдтар барқ гирифтаанд.

Вернуться назад