Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Дидбонгоҳҳои нав дар марз бо Афғонистон ва таъкиди Ятимов: Хизмати ҳарбӣ мактаби ҳаёт аст
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Рӯ ба рӯ, Тема дня > Дидбонгоҳҳои нав дар марз бо Афғонистон ва таъкиди Ятимов: Хизмати ҳарбӣ мактаби ҳаёт аст

Дидбонгоҳҳои нав дар марз бо Афғонистон ва таъкиди Ятимов: Хизмати ҳарбӣ мактаби ҳаёт аст


19 феврал 2016, 17:38. Разместил: hd
Дар пайи таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афғонистон дар минтақаи отряди сарҳадии “Панҷ” дидбонгоҳҳои нав ташкил ва мавриди истифода қарор дода шуданд.

Тибқи иттилоияи расмӣ, ки имрӯз, 19 феврал нашр гардид, дидбонгоҳҳои нав бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Саймуъмин Ятимов, сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи қушунҳои сарҳадӣ, дар маросими ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нав иштирок кардааст, дар хитоб ба хизматчиёни ҳарбӣ таъкид намудааст: “Хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавон мактаби ҳаёт мебошад, чунки ин давра ба онҳо сабақи ватандӯстиву ҷавонмардӣ ва обутоби ҷисмонӣ медиҳад. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ ин садоқат ба савганди ҳарбӣ мебошад”.

Яке аз дидбонгоҳҳои навътасис ба номи генерал-майор Рустам Амакиев, собиқ фармондеҳи “Алфа” гузошта шуд, ки моҳи сентябри соли 2015 дар амалиёти алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит кушта шуд.

Вернуться назад