Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ман ба ту, ту ба ман: Покистон барои роҳёбӣ ба Тоҷикистон шарти Кобулро қабул кард
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Ман ба ту, ту ба ман: Покистон барои роҳёбӣ ба Тоҷикистон шарти Кобулро қабул кард

Ман ба ту, ту ба ман: Покистон барои роҳёбӣ ба Тоҷикистон шарти Кобулро қабул кард


20 феврал 2016, 10:49. Разместил: hd
Шарти Кобул барои роҳ додани тоҷирони Покистон ба Тоҷикистон, ба ивази роҳ ёфтани тоҷирони Афғонистон ба Ҳиндустон қабул шудаст.

Шарти Афғонистон, ки аз Покистон хостааст, монеи тиҷорат бо Ҳиндустон нашавад, соли гузашта боиси ба таъхир гузоштани имзои созишномаи транзитии Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон шуда буд: “Баъди чанд соли гуфтушунид, аввали соли гузашта, зимни имзои созишномаи транзитии сеҷонибаи Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон, Кобул шарти нав дар мавриди Ҳиндустонро пешниҳод кард, ки норозигии Исломободро ба вуҷуд овард. Ин нофаҳмӣ боиси боз ба таъхир гузоштани имзои созишнома гардид”.

“Pakistan Today” бо такя ба манобеи воломақомаш иттилоъ додааст, ки ҳамакнун Покистон розӣ шудааст, то мошинҳои боркаши Афғонистон аз хатсайрҳои Торхам, Чаман ва Вагаҳ барои додугирифти мол бо Ҳиндустон истифода баранд: “Дар иваз, Афғонистон роҳи додугирифти осони Покистонро бо Тоҷикистон мекушояд. Дастрасии молу тоҷирони Покистонро ба Шерхонбандар дар марзи Тоҷикистон таъмин мекунад”.

Инчунин созиш шудааст, ки боркашҳои Афғонистон зимни бозгашт аз гузаргоҳи Вагаҳи марз бо Ҳиндустон, метавонанд, аз Покистон мол содир кунанд ва боркашҳои Покистон низ чунин ҳақро дар роҳи бозгашт аз сарҳади Тоҷикистон соҳиб шудаанд.

Шарти Кобул дар ҳолест, ки қарордоди тиҷорати транзитии Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон тайи солҳои охир, аз мавзӯҳои меҳварии мулоқотҳои сарони ин кишварҳо, аз ҷумла мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ашраф Ғанӣ Аҳмад буд.

Мушкили ба тавофуқ нарасидани ҷонибҳо моҳи апрели соли гузашта, зимни сафари Ашраф Ғанӣ Аҳмад, раисиҷумҳури Афғонистон ба Ҳиндустон ошкор шуд. Расонаҳои ҳиндӣ иттилоъ доданд, ки Ашраф Ғанӣ ошкоро дар мулоқот бо Нариндра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон изҳор доштааст, ки ба Покистон шарт гузоштаанд, ки барои дастрасияш ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд, агар Покистон барои дастрасии Ҳиндустон ба Афғонистон кӯмак намояд. Ба навиштаи ВАО-и Ҳинд ин ташаббус, гарчанде “дипломатияи хушк” аст, ҳадаф аз он пайваст намудани кишварҳо мебошад.

Ин шартгузориҳо дар ҳолеянд, ки солҳост, имзои созишномаи транзитӣ миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ба таъхир меафтад. Дар ҳоле, ки имзои ин созишнома метавонад, интиқоли осон ва арзони молро аз Покистон ба Тоҷикистон таъмин кунад. Инчунин Душанбе азм дорад, интиқоли шакару гандуми Покистонро ба Тоҷикистон афзоиш дода, тавассути ин кишвар ба нафти Кувайт дастрасӣ дошта бошад.

Вернуться назад