Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Зариф Ализода: Фаъолияти масъулини тарабхонаву қаҳвахонаҳо бойиси нигаронист
Главная > Тоҷикистон > Зариф Ализода: Фаъолияти масъулини тарабхонаву қаҳвахонаҳо бойиси нигаронист

Зариф Ализода: Фаъолияти масъулини тарабхонаву қаҳвахонаҳо бойиси нигаронист


19 май 2011, 12:41. Разместил: administrator
Тайи се моҳи ахир ҳудуди 500 номаи шикоятӣ унвонии ваколатдор  оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ворид гардидааст.

Тибқи иттилои омбудсмен Зариф Ализода,  аз ин шумул 222 адад аризаи шикоятӣ дар робита ба фаъолияти мақомоти додгоҳӣ буда, шаҳрвандон аз ҳукму ҳалнома, ба мўҳлати дароз баррасӣ гардидани қарорҳои додгоҳӣ ва ба ҳузур пазируфта нашудан аз ҷониби кормандони мақомоти додгоҳӣ шиква кардаанд.

Ҳудуди 25 дарсади дигари муроҷиатномаҳои шаҳрвандон дар мавриди баҳсҳои хариду фурўши манзили зист, замин ва нафақаву ҳуқуқҳои меҳнатӣ будааст. Дар ҳоли ҳозир,мақомоти мазкур бо додситонии кулл ва вазорати меҳнат масъалаи соати корӣ ва маоши шаҳрвандонро дар тарабхонаву қаҳвахонаҳо мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Зариф Ализода мегўяд, ки масъулини тарабхонаву қаҳвахонаҳо дар Душанбе хилофи қонунгузории кишвар фаъолият карда, раванди ба кор қабул кардани шаҳрвандонро ба расмият намедароранд. Илова бар ин, соатҳои кори шаҳрвандон дар як шабонарўз 17 ва 18 соатро ташкил дода, дар натиҷа ба онхо маоши ночиз дода мешавад.

 

 


Вернуться назад