Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Рекорди Тоҷикистон: Духтари ғарқшуда баъди 22 дақиқа зинда монд (АКСУ ВИДЕО)
Главная > Тоҷикистон, Рӯ ба рӯ, Акс, Видео > Рекорди Тоҷикистон: Духтари ғарқшуда баъди 22 дақиқа зинда монд (АКСУ ВИДЕО)

Рекорди Тоҷикистон: Духтари ғарқшуда баъди 22 дақиқа зинда монд (АКСУ ВИДЕО)

8 июн 2016, 13:15. Разместил: MG
Як созмони ҷамъиятӣ бо ҷалби донишомӯзони мактаби миёна мехоҳад, дар коҳиш додани ҳолатҳои ғарқшавӣ ва наҷоти ғарқшавандаҳо саҳим бошад.

Созмони “Ҳамсоягии хуб” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба роҳандозии тарҳе шурӯъ кардааст, ки ҳадафаш ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои зиёди ғарқшавии одамон, ба вижа кӯдакону наврасон аст. Ин лоиҳа имрӯз, 8 июн дар деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба кор оғоз кард. Сайрам Ғуломова, як масъули ташкилоти “Ҳамсояи хуб” мегӯяд, онҳо қасд доранд, ба 60 хонандаи мактаби миёна аз хонаводаҳои камбизоат тарзи дурусти шиноварӣ ва кумак ба ғарқшудаҳоро биомӯзанд: “Мо мутахассисонро аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода даъват кардем, то ин хонандаҳоро омӯзиш бидаҳанд”.

Ба гуфтаи ӯ, бино ба оморҳо дар пайи тағйирёбии иқлим ва гармшавии бесобиқа ҳолатҳои ғарйшавии одамон афзоиш ёфтааст: “Мақсади асосии мо пешгирӣ кардани ҳодисаҳои ғарқшавӣ мебошад. Дар доираи ин лоиҳа ҳамчунин ба масъулини истироҳатгоҳҳо, волидон ва омӯзгорон ҳам корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем”.

Рӯзи аввали оғози лоиҳа, ки номи “Шайнак”-ро гирифтааст, мутахассисони КҲФ ба хонандаҳо тарзи наҷот ва ёрии аввалин ба ғарқшудаҳоро намоиш доданд.

Созмони “Ҳамсояи хуб” қасд дорад, дар оянда чунин лоиҳаро дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Шаҳритӯс ва навоҳии Рашт низ роҳандозӣ кунад.

Ориф Нозимов, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода имрӯз, 8 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз оғози соли равон то имрӯз 40 ҳолати ғарқшавии одамон ба қайд расидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта бештар мебошад: “Ба ин шумора дохил мешавад, заноне, ки худро ба об партофтаанд, садамаи автомобилҳо, оббозӣ, ҳангоми истироҳат дар мавзеъҳои хавфнок ва ҳангоми майнӯшӣ”.

Масъулини Маркази наҷотдиҳии КҲФ мегӯянд, танҳо давоми чор дақиқаи баъди ғарқшавӣ имкони наҷоти шахс мавҷуд аст. Дар ҳолати аз ин пештар эҳтимоли фавти нафари ғарқшуда бештар мешавад. Аммо Олег Пилкеевич, сардори Маркази наҷотдиҳӣ мегӯяд, дар таҷрибаи онҳо як духтари 16-соларо баъди 22 дақиқа аз об берун оварданд ва зинда монд: “Барои Тоҷикистон ин рекорд маҳсуб мешавад”.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, соли ҷорӣ кормандони ин ниҳод дар шаҳри Хуҷанд 5 нафарро, ки бо қасди худкушӣ худро ба Сирдарё партофтанд, наҷот доданд.

Вернуться назад