Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > АКСУ ВИДЕО: Видоъ бо Маҳкамов дар масҷиди марказӣ бо ҳузури Убайдуллоев, Р.Эмомалӣ ва...
Главная > Тоҷикистон, Акс > АКСУ ВИДЕО: Видоъ бо Маҳкамов дар масҷиди марказӣ бо ҳузури Убайдуллоев, Р.Эмомалӣ ва...

АКСУ ВИДЕО: Видоъ бо Маҳкамов дар масҷиди марказӣ бо ҳузури Убайдуллоев, Р.Эмомалӣ ва...

9 июн 2016, 13:19. Разместил: hd
Маросими видоъ бо Қаҳҳор Маҳкамов, аввалин раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз 9 июн дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Хабарнигори “Озодагон” мегӯяд, барои гусели Маҳкамов ба роҳи охират аъзои феълӣ ва собиқи ҳукумат, бо шумули сарвазир Қоҳир Расулзода, раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, нахуствазири собиқ Оқил Оқилов, раиси Оҷонсии зидди фасод Рустами Эмомалӣ ва бештари вазиру раисони кумитаҳои кишвар ба Масҷиди марказӣ ҳозир шуданд.

Қаҳҳор Маҳкамовро бар асоси васияти худаш дар қабристони Сари Осиё дар паҳлӯи ҳамсари марҳумаш ба хок супориданд.

Абдурашид Маҳкамов, бародари Қаҳҳор Маҳкамов дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, марҳум баъди як моҳи бистарӣ шудан дар беморхона, вақте мефаҳмад, ки бемориаш табобатнашаванда аст, мегӯяд, ӯро ба хона бубаранд: “Давоми ду ҳафтаи охир дар хона буд. Ӯ гуфт, ман дар зиндагиам аз мардуми оддӣ дур набудам, бинобар ин ҷанозаамро хоксорона, бедабдаба мисли мардуми оддӣ гузаронед, то ман оромона хоб кунам”.

Георгий Кошлаков, ноиби пешини сарвазири Тоҷикистон мегӯяд, бо Мақкамов солҳои зиёд кор карда, ӯро як муҳандиси олӣ, таҳлилгари хуб дарёфт, ки ҳамеша барои манфиати мардум кор мекард. Ба гуфти Кошлаков, нақши Маҳкамов аз роҳандозии тарҳҳои бузурги энергетикӣ дида, то бунёди корхонаҳои кимиёвию ТАЛКО хело барҷаста аст.

Донишманди тоҷик Акбар Турсон гуфт, Қаҳҳор Маҳкамов як хоксорӣ ва эҳсоси масъулияти шахсӣ ва давлатӣ дошт: “Замони таҳияи Қонуни забон мо соатҳо баҳсу мунозира доштем ва як чиз ба ман бисёр таъсир карда буд, ки масъаларо зуд мефаҳмиданд, зиёд савол намедоданд, аз ҳамин ҷиҳат барои ман хело шахсияти муътабар ҳастанд”.

Ӯ хислатҳои нек, дониш, таҷриба ва эҳсосу масъулиятшиноси Маҳкамовро намунаҳои ибрат барои раҳбарони давлат хонд.

Вернуться назад