Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Эй забони порсӣ
Главная > Адабиёт > Эй забони порсӣ

Эй забони порсӣ


15 ноябр 2011, 11:45. Разместил: administrator
Эй забони порсӣ, эй дурри дарёи дарӣ,Эй ту мероси ниёкон, эй забони модарӣ.


Аз ту пайдо фарри мо, фарҳанги мо, ойини мо,
Аз ту пайдо рояти доноиву донишварӣ.
Кобулу Теҳрону Табрезу Бухорову Хуҷанд
Ҷумла мулки туст то Балху   Самарқанду Ҳарӣ.
Ҷовидон зӣ, эй забони донишу фарзонагӣ,
То ба гетӣ нур бахшад офтоби ховарӣ.
Порсиро пос медорем, зеро гуфтаанд:
Қадри зар заргар шиносад, қадри гавҳар гавҳарӣ.

 

 


Ҳаддоди Одил (Эрон)



Вернуться назад