Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Озмуни расмкашии донишомӯзони Суғд дар Хуҷанд (АКС)
Главная > Тоҷикистон, Акс > Озмуни расмкашии донишомӯзони Суғд дар Хуҷанд (АКС)

Озмуни расмкашии донишомӯзони Суғд дар Хуҷанд (АКС)

23 июн 2016, 13:14. Разместил: MG
Дар хиёбони "Ситораҳои шаҳри Хуҷанд" озмуни расмкашӣ миёни донишомӯзони вилояти Суғд баргузор шуд.

Шуҳрат Абдуллозода, масъули ин чорабинӣ, ки "Мо зидди нашъамандӣ" унвон гирифтааст, ба хабаргузории "Озодагон" гуфт, дар ин чорабинӣ беш аз 200 толибилми макотиби шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуда, рӯйи мумфарш сурат кашиданд.

Ба қавли ҷаноби Абдуллозода, ин озмун ба Рӯзи байналмилалии мубориза зидди нашъамандӣ ва сўйиистеъмоли маводи нашъадору муомилоти ғайриқонунии он бахшида шудааст, ки ҳамасола 26 июн ҷашн гирифта мешавад: "Чорабинии асосӣ пагоҳ, соати 10:00, дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ доир мегардад. Онҷо ба ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ диплому туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мешавад".

Хабарнигори "Озодагон" ба хиёбони "Ситораҳои шаҳри Хуҷанд" рафт ва аз ҷараёни ин озмун чанд акс бардошт, ки пешниҳоди хонандаҳо мешавад.

Вернуться назад