Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Шӯрои уламо дар бораи рӯзаи онҳое, ки саҳар дар хоб мемонанд
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Тема дня > Шӯрои уламо дар бораи рӯзаи онҳое, ки саҳар дар хоб мемонанд

Шӯрои уламо дар бораи рӯзаи онҳое, ки саҳар дар хоб мемонанд


24 июн 2016, 11:23. Разместил: hd
Шурои уламои Тоҷикистон ба суоли Фариддун, як муҳоҷири тоҷик, ки бисёри рӯзҳо вақти саҳархӯрӣ дар хоб мемонад, дар мавриди иҷобати рӯзааш посух додааст.

Фариддун, як муҳоҷири тоҷик изҳор доштааст, ки дар Русия кор мекунад: “Рӯзҳои ин ҷо хело дарозанд, соати 2 саҳархӯрӣ, соати 10:30 ифтор. Мо баъзе вақтҳо барои саҳархӯрӣ хеста наметавонем, аз хоб мехезем, ки вақти саҳархӯрӣ гузаштааст. Оё мо метавонем ҳамон рӯз рӯзаро нахӯрда дорем? Бо далел ҷавоб диҳед”.

Дар посух Шӯрои уламо изҳор доштааст, ки дар саҳархӯрӣ баракат аст, зеро ташнагӣ ва гуруснагӣ рӯзадорро то охири рӯз ба ташвиш намеорад: “Аммо агар дар натиҷаи фаромӯшӣ ё дар хоб мондан саҳархӯрӣ накардед, нияти рӯза карда, то ғуруби офтоб рӯза доред”.

Ин ниҳод таъкид намудааст, ки агарчӣ рӯзҳо дар моҳи Рамазон дароз ҳам бошанд, рӯзадор вазифадор аст, ки рӯзаро то ғуруби офтоб риоя намуда, ба поён расонад. Шӯрои уламо сураи «Бақара», ояти 185-ро далел овардааст, ки Худованд дар он мефармояд: «Пас аз он рӯзаро то шаб тамом кунед».

Вернуться назад