Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Нашри аксҳои Барак Обама бо либоси исломӣ
Главная > Хабарҳои ҷаҳон, Акс > Нашри аксҳои Барак Обама бо либоси исломӣ

Нашри аксҳои Барак Обама бо либоси исломӣ


8 июл 2016, 16:34. Разместил: MG
Билл O’Райли, муҷрии телевизиони “Фокс нюс” аксҳои Барак Обама, раисҷумҳури Амрикоро бо либоси исломӣ ба бинандаҳои худ манзур кардааст.

Ба қавли O’Райли, ин тасвирҳо нишон медиҳанд, ки Обама “дар ниҳоят як мусулмон” аст. Муҷрии телевизиони “Фокс” гуфтааст, ин аксҳо дар иёлоти Мериленд ва дар ҷараёни издивоҷи бародари угайи Обама дар аввалҳои солҳои даҳаи 1990 гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, аксҳо нишондиҳандаи алоқаи қалбии Обама ба Ислом аст ва ҳамин алоқа, монеи муборизаи вай бо терроризм шуда, боиси густариши ДИИШ дар Ховари Миёна гаштааст. Ба гуфтаи ин муҷрии телевизиони “Фокс”, Обама дар Ҳаваӣ аз падари мусулмон зода шудааст.

Вернуться назад