Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Талоши Дамирбек барои наҷоти ҳамсинфаш: Пули консертам нарасид, боз маблағ лозим (ВИДЕО)
Главная > Тоҷикистон, Дасти хайр, Иҷтимоӣ, Тема дня > Талоши Дамирбек барои наҷоти ҳамсинфаш: Пули консертам нарасид, боз маблағ лозим (ВИДЕО)

Талоши Дамирбек барои наҷоти ҳамсинфаш: Пули консертам нарасид, боз маблағ лозим (ВИДЕО)


9 июл 2016, 10:43. Разместил: hd
Дамирбек Олимов, овозхони маъруфи тоҷик, ки 7-уми июл барои наҷоти ҳамсинфаш Умедҷон Салимов, консерти хайриявӣ баргузор кард, изҳор медорад, ки маблағи кофӣ барои наҷоти Умедҷон то ҳол ҷамъ нашудааст.

Олимов имрӯз, 9-уми июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, маблағ аз консерташ, ки таҳти “Умеди Орзу” баргузор гардид, пурра ба суратҳисоб барои табобати Умедҷон гузаронда шуд: “Аммо маблағи кофӣ ҷамъ нашуд. Бо ҷамъоварии маблағи зарурӣ мо Умедҷонро ба хориҷа хоҳем бурд”.

Салимов, сокини 28-солаи ноҳияи Деваштич, падари ду кӯдак ва ягона писари волидонаш ду сол қабл дар пайи як садама дар Русия ҷароҳат бардошта, то ҳол мадори ҳаракат ва гапзаниро надорад.

Насимҷон Салимов, падари Умедҷон имрӯз, 9-уми июл дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, хароҷоти табобати писараш дар як беморхонаи вилояти Ленинград 500 ҳазор рубли русӣ муайян шудааст: “Тамоми ҳуҷҷату ташхисҳоро равон кардем. Арзиши табобатро 500 ҳазор рубл муайян карданд ва мо баъди дарёфти ин маблағ ба Ленинград хоҳем рафт”.

Афроде, ки имкони кӯмак ба ин хонаводаро доранд, метавонанд тариқи рақамҳои 902 44 00 23 бо падари Умедҷон ва тариқи рақамҳои 985 50 16 22 бо модари Умедҷон дар тамос шаванд.



Вернуться назад