Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Сурия, Фаластин ва Туркманистон бозии дӯстона анҷом медиҳад
Главная > Тоҷикистон, Ҷавонон ва варзиш > Мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Сурия, Фаластин ва Туркманистон бозии дӯстона анҷом медиҳад

Мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Сурия, Фаластин ва Туркманистон бозии дӯстона анҷом медиҳад


15 июл 2016, 16:36. Разместил: MG
Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) мегӯяд, барои анҷоми бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Сурия ва Туркманистон ба тавофуқ расидааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод, дидори яккачинҳои Тоҷикистону Сурия 27 август дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад: "9 ноябр дар Варзишгоҳи марказӣ тими миллии Тоҷикистон бо яккачини Туркманистон бозии дӯстона анҷом медиҳанд".

Федератсияи футболи Тоҷикистон меафзояд, бозигарони тоҷик бо тими миллии Фаластин ҳам ду бозии дӯстона хоҳад дошт: "Бозии аввал 6 сентябр дар Фаластин ва дидори дуввум 3 октябр дар Душанбе баргузор мешавад".

Вернуться назад