Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ҳакимзода дар бораи зарари “Амонатбонк” ва такрори тақдири “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк”
Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Рӯ ба рӯ, Тема дня > Ҳакимзода дар бораи зарари “Амонатбонк” ва такрори тақдири “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк”

Ҳакимзода дар бораи зарари “Амонатбонк” ва такрори тақдири “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк”


19 июл 2016, 15:29. Разместил: hd
Руҳуллоҳ Ҳакимзода, раиси “Амонатбонк”, мегӯяд, фаъолияташонро дар нимсолаи аввали соли равон бо зарар ҷамъбаст намудаанд.

Ҳакимзода имрӯз, 19-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар шаш моҳи гузашта 6 миллион сомонӣ зарар дидаанд.

Ӯ далели фаъолияти зараровари “Амонатбонк”-ро ба таъсири манфии омилҳои беруна, кам гардидани қобилияти пардохтпазирии қарзгирандагон, қурби асъори хориҷӣ ва дигар омилҳо рабт дод.

Ба суол, ки оё вазъи буҳронии “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” дар Амонатбонк такрор намешавад, Ҳакимзода гуфт, ҳамчун роҳбар талош хоҳад кард, ки ба он рӯз нарасанд. Ӯ илова намуд, ки феълан дар бонк комиссияи зиддибуҳронӣ фаъолият дорад, ки ба ҳалли мушкилот машғул аст: “Албатта мушкилот ҷой доранд, ки ҳал шуда истодаанд ва имрӯз бонк дар вазъи хуби пардохтпазирӣ қарор дорад”.

Дар мавриди изҳороти Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ки баҳори соли равон гуфт, дар бархе аз намояндагиҳои Амонатбонк ва Агроинвестбонк ҳолатҳое ошкор шудаанд, ки кормандони бонк пасандозҳои муштариёнро аз худ кардаанд, Ҳакимзода афзуд, ки 3 ҳазор корманд доранд ва албатта ҳамаашон аз камбудӣ орӣ нестанд. Ӯ гуфт шуъбаи аудит доранд, ки фаъолияти кормандонро назорат мекунад ва дар сурати ошкор шудани камбудиҳо ба мақомот, аз ҷумла додситонӣ муроҷиат мекунанд.

Вернуться назад