Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Нигаронии ҳукумат аз ҷаҳиши нархи чиптаи ҳавопаймо
Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ > Нигаронии ҳукумат аз ҷаҳиши нархи чиптаи ҳавопаймо

Нигаронии ҳукумат аз ҷаҳиши нархи чиптаи ҳавопаймо


1 август 2016, 12:03. Разместил: hd
Ҷаҳиши нархи чиптаи ҳавопаймо дар самти Тоҷикистон-Русия, ки аз 2 ҳазор сомонӣ якбора то 3 ҳазор сомонӣ расид, нигаронии ҳукумати кишварро низ ба вуҷуд овардааст.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз, 1-уми август дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, ҳукумати кишвар барои муътадил нигоҳ доштани нархи чиптаҳои ҳавопаймо дастур додаст. Ба гуфтаи вазири нақлиёт феълан барои ҳалли ин масъала комиссияи байниидоравӣ ташкил шуда, масъулин якҷоя бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархномаи чиптаҳоро баррасӣ доранд.

Ганҷалзода болоравии нархи чиптаи ҳавопайморо мавсимӣ хонда, афзуд, ки он ба зудӣ поин хоҳад рафт.

Ин дар ҳолест, ки нархи чиптаи ҳавопаймо дар хатсайрҳои Тоҷикистон-Русия, ки камтар аз 2 ҳазор сомонӣ буд, тайи ҳафтаҳои охир аз марзи 3 ҳазор сомонӣ боло рафтааст.

Вернуться назад