Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Суол ба ноиби вазири иқтисод: Буҳрон то кай идома меёбад?
Главная > Тоҷикистон > Суол ба ноиби вазири иқтисод: Буҳрон то кай идома меёбад?

Суол ба ноиби вазири иқтисод: Буҳрон то кай идома меёбад?


2 август 2016, 10:33. Разместил: hd
Умед Давлатзод, ноиби вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, пешгӯии давомнокии буҳрони феълӣ ғайриимкон аст ва ҳатто олимони ҷоизадори Нобел ба ин қодир нестанд.

Давлатзод ин нуктаро имрӯз, 2-юми август дар посух ба суоли “Озодагон”, ки буҳрон то кай идома хоҳад ёфт, таъкид кард.

Ноиби вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон афзуд, иқтисоддонҳои ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки солҳои 2016-2020 вориди давраи буҳронӣ мешавад ва модели рушд тағйир меёбад. Ӯ илова намуд, ки Тоҷикистон низ чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин раванд дар канор буда наметавонад.

Давлатзод инчунин аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор гила кард, ки бо такя ба таъсири манфии таҳримҳои Русуия ва коҳиши интиқоли маблағи муҳоҷирон рушди воқеии иқтисоди Тоҷикистонро 2-2,3 фоиз камтар нишон медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран профессор Лутфулло Саидмуродов, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, таъсири манфии буҳрон аз хориҷ ба иқтисодиёти кишвар то солҳои 2018-2019 идома хоҳад кард. Ӯ гуфт бар асоси таҳлилҳояшон феълан ҳам иқтисодиёти кишвар таҳти таъсири омилҳои буҳронии берунӣ қарор дошта, танҳо баъд аз соли 2019 иқтисодиёти Тоҷикистон метавонад аз таъсири манфии омилҳои беруна худро нигоҳ дорад. Тибқи пешгӯии олимони Академия рушди иқтисодиёти кишвар давоми солҳои 2016 -2020 6-7 фоизи солона ҳифз хоҳад шуд.

Ҷаноби Саидмуродов далели осебпазир будани Тоҷикистонро дар баробари буҳрони берунӣ ба номукаммалии сохтори иқтисодии кишвар рабт дода, илова намуд: “Президенти кишвар масъулинро вазифадор кард, ки иқтисоди Тоҷикистон аз аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил дода шавад”.

Ӯ гуфт ин сохтор имкон медиҳад, ки таъсири омилҳои беруна бартараф карда шавад: “Мо низ барномарезӣ карда истодаем, ки то соли 2030 саҳми соҳаи саноат дар ташаккули маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба саҳми соҳаи кишоварзӣ зиёдтар бояд бошад ва дар ин сурат мо метавонем иқтисоди кишварро аз омилҳои беруна нигоҳ дорем”.

Суҳбат аз идомаи таъсири омилҳои буҳронӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон тайи солҳои наздик дар ҳолест, ки имсол Тоҷикистон натавонист, нақшаи буҷаро иҷро кунад ва раисиҷумҳур ҳаҷми онро 450 миллион сомонӣ коҳиш дод.

Вернуться назад