Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Табибон навзодро ба қуттии партов андохтаанд
Главная > Қирғизистон, Тема дня > Табибон навзодро ба қуттии партов андохтаанд

Табибон навзодро ба қуттии партов андохтаанд


11 август 2016, 15:25. Разместил: MG
Шоми 10 август аз дохили қуттии партов дар шаҳри Ош ҷасади як тифли навзод пайдо шудааст. Раёсати умури дохилии вилояти Ош гуфтааст, ҷасадро табибон ба онҷо андохтаанд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имрӯз, 11 август модари ин тифлро боздошт кардаанд. Ӯ сокини ноҳияи Қара-Суу буда, шавҳар надоштааст. b]“Боздоштшуда гуфт, ки дар шӯъбаи таваллуди беморхонаи вилоятии Ош исқоти ҳамл кард”[/b],-меафзояд манбаъ.

Дар пайи санҷишҳои муқаддамотӣ маълум шуда, ки кормандони таваллудхона бо хоҳиши духтар исқоти ҳамлро анҷом дода, ҷасадро ба ҷойи ба утоқи махсус интиқол додан ба қуттии партов андохтаанд.

Вернуться назад