Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Пулис марди шутурмурғсаворро меҷӯяд (ВИДЕО)
Главная > Қазоқистон, Видео, Тема дня > Пулис марди шутурмурғсаворро меҷӯяд (ВИДЕО)

Пулис марди шутурмурғсаворро меҷӯяд (ВИДЕО)


1 сентябр 2016, 12:31. Разместил: MG
Навори шутурмурғсавории як мард дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба видеои сербинандаи интернет табдил мешавад.

Дар навор дида мешавад, ки марде савори шутурмурғ бо суръати баланд аз хиёбони Ал Форобии Алмаато рад мешавад. Видеоро зоҳиран дурбини дохили нақлиёт сабт кардааст. Шутурмурғ чунон тез ҳаракат мекунад, ки ҳатто аз мошинҳо пеш мегузарад.

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Қазоқистон гуфтааст, мутахассисон ба санҷиши видео шурӯъ карда, наворҳои дурбинҳои роҳро аз назар мегузаронанд. Ба иттилои манбаъ, ин навор шояд танзимшуда бошад: "Аммо ҳоло ҳанӯз дар ин бора чизе гуфтан барвақт аст. Вақте дақиқ шуд, маълумот медиҳем”.

Суръати шутурмурғ то 70 км/соат мерасад, аммо дар сурати эҳсоси хатар он метавонадто ба 90 км/соат бирасад.


Вернуться назад