Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Вакилон ба вазири нақлиёт: Чаро нархи чиптаи ҳавопаймоҳо қимат аст?
Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Дидгоҳи хос, Тема дня > Вакилон ба вазири нақлиёт: Чаро нархи чиптаи ҳавопаймоҳо қимат аст?

Вакилон ба вазири нақлиёт: Чаро нархи чиптаи ҳавопаймоҳо қимат аст?


2 ноябр 2016, 10:45. Разместил: hd
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 2-юми ноябр созишнома бо Чин дар бораи ҳавопаймоии гражданиро ба тасвиб расонданд.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, ин созишнома заминаи ҳуқуқӣ барои ташкили парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Пекинро фароҳам меорад: “Инчунин ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Чин, ки дар қаламрави ҳамдигар намояндагӣ доранд, аз пардохтҳои гумрукӣ озод хоҳанд шуд”.

Зимни баррасии созишнома Рустам Латифзода, вакили парлумони Тоҷикистон аз вазири нақлиёт дар мавриди вазъи ширкати “Тоҷик Эйр” суол кард. Ганҷалзода изҳор дошт, ки барои беҳбуди вазъи ин ширкат талош доранд ва яке аз мушкилоти соҳаро баланд будани нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ арзёбӣ кард.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон бо таъкиди баланд будани нархи чипта аз вазири нақлиёт суол кард, ки чаро чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон нисбати дигар кишварҳои ҳамсоя қиматтар мебошанд? Ганҷалзода посух дод, ки яке аз сабабҳо қимат будани нархи сӯзишворӣ аст ва гуруҳи махсуси корӣ сабабҳои дигари қимат будани нархи чиптаҳоро феълан омӯхта истодааст: “Сабабҳоро дар алоҳидагӣ омӯхта истодаем ва хулосаҳоро ба ҳукумат пешниҳод мекунем. Талош мекунем, то нархи чиптаҳоро поин барем”.

Шукурҷон Зуҳуров қимат будани нархи чиптаҳои ҳавопаймоҳоро мушкили мубрам хонда, аз вазири нақлиёт даъват намуд то арзиши чиптаҳоро арзон кунанд.

Вернуться назад