Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Стратегия: Барои зиндагии шоистаи мардум 118 милиард $ зарур аст
Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Рӯ ба рӯ, Тема дня > Стратегия: Барои зиндагии шоистаи мардум 118 милиард $ зарур аст

Стратегия: Барои зиндагии шоистаи мардум 118 милиард $ зарур аст


1 декабр 2016, 10:50. Разместил: hd
Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, барои татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи онро таъмини зиндагии шоистаи мардум гуфт, ҳудуди 118 миллиарду 100 миллион доллари амрикоӣ зарур аст.

Ҳикматуллоҳзода имрӯз, 1-уми декабр зимни муаррифии лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар парлумон изҳор дошт, ки дар доираи ин барнома давоми 15 соли оянда вобастагии иқтисодӣ аз омилҳои беруна коҳиш ёфта, амнияти энергетикӣ таъмин мегардад.

Ӯ афзуд дар доираи Стратегия раҳоии комил аз бунбасти коммуникатсионӣ, коҳиши нобаробариҳо ва беҳбуди сифати зиндагии мардум пешбинӣ шудааст: “Дар назар аст, ки ҳаҷми ММД сари ҳар сокин ду баробар зиёд шавад. Истеҳсоли саноатӣ 4,5 баробар афзоиш меёбад. Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ - аграрӣ табдил меёбад ва барои ин тамоми имконот мавҷуд мебошанд”.

Вазири рушди иқтисод таъкид кард, ки ин стратегияи танҳо ҳукумат ва парлумон набуда, он стратегияи миллат аст. Ӯ гуфт, барои татбиқи он на танҳо аз буҷаи давлат маблағ ҷудо мегардад, балки аз манобеи дигар низ истифода хоҳад шуд. Ба гуфтаи вазир такя ба ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз ҳадафҳои татбиқи стратегия мебошад. Ҳикматуллоҳзода изҳори боварӣ намуд, ки пешбиниҳо дар доираи стратегия саривақт амалӣ хоҳанд шуд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии ин Стратегия дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, “ин дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди кишвар буда, дар он ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда, таъсири омилҳои беруна ба рушди кишвар ба инобат гирифта шудааст. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 давоми 15 соли оянда ҷиҳати муҳайё намудани зиндагии шоистаи мардум пешбинӣ гардидааст”.

Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи ин ҳадафҳо якчанд омилро муҳим хонд: “Аз ҷумла рушди неруи инсонӣ, рақобатпазирии бахши иқтисод бо сатҳу сифати баланд, саҳми саноат дар рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ - аграрӣ табдил додани кишвар, се баробар аз 17 то 45 миллиард соат боло бурдани иқтидори энергетикии ҷумҳуриро, номбар карданд”.

Маълумотнок кардани аҳолӣ, боло бурдани сатҳи дарозумрии аҳолӣ, кам кардани шумораи фавти модару кудак, беҳтар кардани шароити зиндагӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани мардум, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои рушди микро ва макроиқтисодии кишвар, аз омилҳои дигари татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод гардид.

Вернуться назад