Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Эълони беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон (АКС )
Главная > Тоҷикистон, Акс, Тема дня > Эълони беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон (АКС )

Эълони беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон (АКС )


16 декабр 2016, 17:25. Разместил: MG
Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” дар Тоҷикистон (IWPR) ғолибони озмуни беҳтарин тадқиқоти журналистиро эълон кард.

Доварони озмун “Дуздии будҷет: аз кӯчарубӣ то…”-и Муллораҷаб Юсуфиро беҳтарин тадқиқоти журналистӣ донистаанд. Тадқиқоти “Ришваситонӣ аз таваллудхона то марг”-и Ҷамшеди Маъруфу Рустам Гулов соҳиби мақоми дуввум ва “Бадахшон: Автобусҳои президентӣ туъмаи кӣ шуданд?”-и Некрӯз Наврӯзову Машҳур Имомназаров соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Мубтакирони озмун муаллифони чанд тадқиқоти журналистиро бо ҷоизаҳои вижа қадр карданд. Аз ҷумла, Хилватшоҳи Маҳмуд бо ҷоизаи “Мавқеи шаҳрвандӣ”, Ёқуб Ҳалимов ва Мавзуна Абдуллоева бо ҷоизаи “Мубориза бо ришваситонӣ дар маориф”, инчунин Мижгона Ҳалимова бо ҷоизаи “Ҳуқуқи занон ва кӯдакон”.

Абахон Султоназаров, раҳбари минтақавии IWPR дар маросиме бахшида ба эълони исми ғолибони озмун гуфт, давоми се соли фаъолияти лоиҳаи “Тавонмандсозии ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ...”, ки давоми се сол идома дошт, даҳҳо тадқиқоти журналистӣ таҳия ва нашр гардид: “Мо якчанд татқиқотҳои хубро аз журналистон қабул кардем. Имрӯз гуфта метавонем, ки ин татқиқотҳо натиҷаи хуб ҳам доданд. Ба таври мисол, пас аз тадқиқоте дар мавриди автобустҳои Бадахшон чанд масъулро аз кор озод карданд”.


Эълони беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон (АКС )

Эълони беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон (АКС )

Эълони беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон (АКС )

Эълони беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон (АКС )

Эълони беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон (АКС )

Эълони беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон (АКС )

Эълони беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон (АКС )

Эълони беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон (АКС )

Эълони беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон (АКС )

Вернуться назад