Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Эълони исми се мураббии нави “Истиқлол”
Главная > Тоҷикистон, Ҷавонон ва варзиш > Эълони исми се мураббии нави “Истиқлол”

Эълони исми се мураббии нави “Истиқлол”


29 декабр 2016, 16:47. Разместил: MG
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон ҳайати мураббиёнашро таҳти роҳбарии Муҳсин Муҳаммадиев барои мавсими футболи 2017 муайян намуд.

Аз дафтари матбуоти ин тим ба “Озодагон” гуфтанд, Муҳаммадиевро дар омодасозии даста ба мусобиқаҳо се мураббӣ кумак хоҳанд кард: “Бо ин мураббиён рӯзи 28 декабр шартномаи ҳамкорӣ баста шуд”.

Ба иттилои манбаъ, Небойша Топалов, мутахассиси 43-сола аз Сербия ва Алишер Тухтаев, собиқ сармураббии “Барқчӣ” ёварони сармураббӣ интихоб шудаанд. Дафтари матбуоти “Истиқлол” мегӯяд, барои омодасозии дарвозабонҳо Александр Кулаков, мураббии 60-солаи латвиягиро даъват кардаанд.


Вернуться назад