Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ҳунарманди “Нигоҳи нав”: Ҷойе барои намоиши асарҳоямон надорем (АКС)
Главная > Тоҷикистон, Фарҳангу адаб, Акс > Ҳунарманди “Нигоҳи нав”: Ҷойе барои намоиши асарҳоямон надорем (АКС)

Ҳунарманди “Нигоҳи нав”: Ҷойе барои намоиши асарҳоямон надорем (АКС)


13 январ 2017, 17:07. Разместил: MG
Рӯзи гузашта баъд аз анҷоми намоишномаи “Ман ва “Ман”-и гуруҳи театрии “Нигоҳи нав” дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов баҳси гарме дар мавриди сабабу омилҳои бинанда доштан ва надоштани театри тоҷик сурат гирифт.


Дар ин баҳс дар баробари ҳунармандони варзидаву касбӣ, мунаққидони театршинос ва рӯзноманигорон, инчунин муовини вазири фарҳанг низ ширкат дошт. Обид Назаров изҳор дошт, ки аз намоиши гуруҳи “Нигоҳи нав” хушаш омад ва даъват кард, ин гуруҳ фаъолиятҳояшро ба таври ҷиддитар идома бидиҳад. Драматурги маъруф Нур Табаров, ҳунармандони варзидаи театру кино Қурбони Собир, Исфандиёри Ғулом ва Сафар Ҳақдод низ аз намоиши нави “Нигоҳи нав” истиқбол намуда, зикр карданд, дар шароите мо аз надоштани бинандаи театр шиква мекунем, ин намоишнома собит кард, ки агар асарҳо дар шакли муосир ва аз диди нав коргардонӣ шаванду ба саҳна гузошта шаванд, тамошобинони зиёде ба театр таваҷҷуҳ мекунад.

Театршиноси варзида Маҳмадулло Табаров бо арзёбии муфассали ҳусну қубҳи намоишномаи “Ман ва “Ман” изҳор дошт, барои пур кардани холигоҳҳое, ки дар гуруҳи “Нигоҳи нав” мушоҳида мешавад, дар баробари талоши худи ҳунармандон фароҳам кардани шароити лозим зарур аст.

Одили Нозир хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар ин баҳс пешниҳод кард, ки Вазорати фарҳанг барои ин гуруҳи театрӣ, ки бештар аз 3,5 сол мешавад таъсис ёфтаанд, бино ва ё толоре барои омода ва пешниҳод кардани намоишномаҳояшон ихтисос бидиҳад. Ба андешаи Одили Нозир ҳоло ба ҳамин намоишнома бештар аз 200 нафар довталабона омадааст ва ин ҳамон миф ва нолишҳои зиёд дар мавриди бинанда надоштани театри тоҷикро бепоя кард: “Ман бештар аз 5 намоишномаи ҳамин гуруҳро тамошо кардаам. Тақрибан ҳамаи ин намоишномаҳо дар сатҳи нахустнамоиш боқӣ монданд. Сабабаш ин буд, ки ин гуруҳ ҷойе барои намоиш додани асарҳояшон надоранд”.

Ҳамчунин дар ин баҳс Далери Имомалӣ, яке аз ҳунармандон ва коргардонҳои гуруҳи “Нигоҳи нав” зикр кард, ки маротибаи дуввум аст, ки роҳбарияти Вазорати фарҳанг ба намоишномаҳои онҳо таваҷҷуҳ мекунад, ки боиси хушнудии онҳост, вале агар вазорат барои пешниҳоди бинанда кардани намоишномаҳояшон маконе ҳам фароҳам кунад, бештар хуш мешаванд: “Мо чанд намоишномае дорем, ки ба истилоҳ мурдаанд, хобанд, зеро ҷойе барои намоиш додани онҳоро надорем. Мақсади мо ҳатто ба даст овардани даромад ҳам нест, зеро ҳунармандони мо ҳар касе аз ҷойҳои дигар зиндагии худро таъмин мекунанд”.

Гуруҳи театрии “Нигоҳи нав” 3,5 сол пеш бо номи “Бесарпаноҳон” аз ҳисоби хатмкардаҳои ҷавони Донишкадаи ҳунар ва санъати Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ки баъди роҳандозии озмуни “Нигоҳи нав” дар заминаи гуруҳҳои тетарӣ номи худро ба “Нигоҳи нав” табдил дод. Соли 2016 озмуни “Нигоҳи нав” мақоми байналмилӣ гирифт ва дар он гуруҳҳои театрии зиёде аз кишварҳои хориҷ ширкат карданд.


Ҳунарманди “Нигоҳи нав”: Ҷойе барои намоиши асарҳоямон надорем (АКС)

Ҳунарманди “Нигоҳи нав”: Ҷойе барои намоиши асарҳоямон надорем (АКС)

Ҳунарманди “Нигоҳи нав”: Ҷойе барои намоиши асарҳоямон надорем (АКС)

Ҳунарманди “Нигоҳи нав”: Ҷойе барои намоиши асарҳоямон надорем (АКС)

Ҳунарманди “Нигоҳи нав”: Ҷойе барои намоиши асарҳоямон надорем (АКС)

Ҳунарманди “Нигоҳи нав”: Ҷойе барои намоиши асарҳоямон надорем (АКС)

Ҳунарманди “Нигоҳи нав”: Ҷойе барои намоиши асарҳоямон надорем (АКС)

Вернуться назад