Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Нархи гӯшт дар Туркманистон баъди маргумири мурғу чорво арзон шудааст
Главная > Туркманистон > Нархи гӯшт дар Туркманистон баъди маргумири мурғу чорво арзон шудааст

Нархи гӯшт дар Туркманистон баъди маргумири мурғу чорво арзон шудааст


20 январ 2017, 16:07. Разместил: MG
Дар Туркманистон баъди хабарҳои маргумири ҳайвоноти хонагӣ аз бемории сиёҳзахм нархи гӯшт дар шаҳрҳои калони ин кишвар қариб ду баробар коҳиш ёфтааст.

“Фурӯшандаҳо бо мошин рӯзона чанд бор ба назди биноҳо омада, гӯшти мурғҳои хонагиро пешниҳод мекунанд. Арзиши моли онҳо нисбат ба нархи бозор тақрибан ду баробар камтар аст. Агар дар бозор як кило гӯшти мурғ 20-22 манат бошанд, онҳо бар ивази 10-12 манат мефурӯшанд”,- мегӯяд сокини маҳаллаи Парахат 2 Амон.

Бино ба хабарҳо, дар ду ҳафтаи охир дар шаҳри Ишқобод шумори фурӯшандаҳои гӯшт, ки аз шаҳру навоҳии дигар омадаанд, ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Аммо хабарҳои фавти мурғу чорво аз бемории сиёҳзахм муштариёнро эҳтиёткор кардааст ва шумори ками одамон гӯшт мехаранд.

“Ҳоло мардум кӯшиш мекунанд, ки аз ин гӯштҳо нахаранд. Мумкин як ду нафар мехараду бас”, - афзуд Амон. Дар ҳамин ҳол як манбаъ гуфт, фурӯшгоҳҳои маҳсулоти ғизоии вилояти Лебап ва Дашогуз гӯшти мурғу чорвоҳои ҳалокшударо бо ними нарх мехаранд. “Дар Куҳнаурганҷ гӯшти чорвои ҳалокшударо асосан кабобпазҳо мегиранд. Агар дар бозор як кило гӯшт 18 манат бошад, гӯшти ҳайвонҳои ҳалокшуда 9 манат фурӯхта мешавад”, - изҳор дошт як манбаъ аз Дашогуз. Ба гуфтаи вай, ин вазъ дар вилояти Лебап низ ба назар мерасад.

Дар расонаҳои Туркманистон хабаре дар бораи маргумири чорво ва парандаҳо, чораҳои ҳукумат барои омӯзиши вазъ ва пешгирӣ аз сирояти вирус ба чашм нарасидааст. Ҳамчунин ҳеч гуна огоҳиномае низ аз хатари истеъмоли ин гӯштҳо дида намешавад.


Вернуться назад