Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Вазир дар бораи садамаи Норак ва бозгашти “лимит”
Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ > Вазир дар бораи садамаи Норак ва бозгашти “лимит”

Вазир дар бораи садамаи Норак ва бозгашти “лимит”


24 январ 2017, 15:12. Разместил: hd
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, бебарқии сесоатӣ, ки кишварро шоми 28-уми октябри соли 2016 фаро гирифт, дар пайи садама дар нерӯгоҳи Норак рух дод.

Усмонзода имрӯз, 24-уми январ дар шарҳи он садама изҳор дошт, ки сабабҳояш техникӣ буд ва якбора чархаҳои Норак аз кор монданд. Ба гуфтаи вазир дар пайи садама нисбати масъулини энергетика чораандешӣ шуд, аммо аз ироаи ҷузъиёти бештари он худдорӣ карда, ба “Барқи тоҷик” вогузошт.

Дар мавриди хисороти садама Усмонзода изҳор дошт, ки ба истиснои ТАЛКО корхонаҳои дигар зарар надидаанд, зеро садама бегоҳ буд ва он замон кор аллакай анҷом ёфта буд: “ТАЛКО зарарашро пешниҳод кардааст ва айни ҳол гуруҳи корӣ ба омӯзиши ин масъала машғул мебошад”.

Дар мавриди лағви “лимит” Усмонзода гуфт, бо супориши раисиҷумҳур имкониятҳои низоми энергетикии кишвар ҳисобу китоб шуда, маҳдудияти интиқоли барқ ба мардум бардошта шуд. Ӯ гуфт, ин имкон дар пайи фаъолшавии Маркази барқу гармидиҳӣ фароҳам шуда, феълан сатҳи об дар обанбори Норак нисбати ҳамин давраи соли пешӣ 3 метр боло мебошад.

Дар мавриди он, ки “лимит” барои ҳамеша хонаи тоҷикистониёнро падруд гуфт, ё дар оянда боз дар хоҳад кӯфт, вазири энергетика гуфт, агар соли оянда маҳдудияти барқ ҷорӣ ҳам шавад, хеле кам хоҳад буд: “То зимистони оянда хонаи сокинони Душанбе бо хатти гармӣ пайваст мешавад ва ин боиси беҳбуди таъминот бо барқ мегардад”.

Вазир таъкид намуд, ки таъмини хонаи сокинони Душанбе бо гармӣ дастури раисиҷумҳур аст ва онро то тирамоҳи оянда пурра таъмин мекунем.

Маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон имсол қабл аз муҳлат 14-уми январ пурра лағв гардид.

Вернуться назад