Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Генерали тоҷик: Реклама кардем, дар як ҳафта 5-6 нафар худро ба дарёи Сир партофт (ВИДЕО)
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Рӯ ба рӯ, Видео, Тема дня > Генерали тоҷик: Реклама кардем, дар як ҳафта 5-6 нафар худро ба дарёи Сир партофт (ВИДЕО)

Генерали тоҷик: Реклама кардем, дар як ҳафта 5-6 нафар худро ба дарёи Сир партофт (ВИДЕО)


26 январ 2017, 11:33. Разместил: MG
Раёсати умури дохилии Суғд минбаъд аз пешниҳоди маълумот дар бораи шомилшавии одамон ба равияҳои террористиву ифротӣ ва онҳое, ки даст ба худкушӣ задаанд, худдорӣ мекунанд. Ин нуктаро Шариф Назарзода, сардори ин ниҳод дар нишасти ахири хабариаш дар Хуҷанд изҳор дошт.

Генерал Назарзода мегӯяд, ин иқдом бар асоси таклифу пешниҳоди падару модарон ва коршиносон гирфта шудааст: “Доимо ман сифру рақамҳоро гуфта мегузаштам. Ба ман муроҷиат карданд, падару модарон ва коршиносон. Шумо ба ҳолати рўҳии ҷавонон таъсири манфӣ мерасонед, ҳангоми баромадҳову дар бархе мавридҳо. Таҳлил карда баромадем, дар ҳақиқат ҳам ҳамин ҷой дорад”.

Сардори Раёсати умури дохилии Суғд гуфт, дар нишастҳои матбуотӣ ва умуман чизеро аз хабарнигорон пинҳон намекард. Дар ҳолате, ки ҷиноят содир шавад, саривақт ба журналистон хабар медод. “Вақте мо аз додани ҳамин шумораҳо худдорӣ кардем, ҳоло кам шудааст. Барои ҳамин дар баромад ҳам ман дар бораи худкушӣ низ нагуфтам. Мо дар баъзе мавридҳо реклама мекунем”,- афзуд Шариф Назарзода.

Ӯ гуфт, минбаъд аз пешниҳоди баъзе чизҳое, ки ба ҷавонон таъсири руҳии манфӣ мерасонад, худдорӣ хоҳад кард: “Мана як маротиба мо бо воситаи телевизион барои пайдо кардани наздикони як зане, ки аз болои пуле дар назди Шӯъбаи ВКД худро партофт, муроҷиат кардем, дар давоми як ҳафта 5-6 нафар аз дарёи Сир аз ҳамон ҷо худашро партофт. Мана реклама кардем-ку! Ман ҳаминро хостам гуфтам, ки баъзе чизҳое ҳастанд, ки таъсир мерасонад ба ҳамон ҳолати равонии ҷавонон, на ин ки онҳо ба шаҳрвандон низ”.



Вернуться назад