Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Маҳдуд шудани фиристодани пул ба донишҷӯён
Главная > Туркманистон > Маҳдуд шудани фиристодани пул ба донишҷӯён

Маҳдуд шудани фиристодани пул ба донишҷӯён


2 феврал 2017, 09:12. Разместил: MG
Акнун барои фиристодани пул ба донишҷӯёне, ки дар беруни кишвар таҳсил мекунанд, гувоҳиномаи расмии нархи таҳсил зарур аст ва ҷамъи маблағе, ки фиристода мешавад, набояд аз нишондоди ин санад бештар бошад.

"Барои намуна, агар харҷи таҳсил 200 доллар бошад, падару модар наметавонанд, аз ин зиёдтар маблағ фиристанд", -- мегӯяд донишҷӯи туркман дар Беларус. Донишомӯзи дигари туркман, ки дар Русия таҳсил мекунад, гуфт, қоидаи навро ба ӯ дар бахши таълимии донишгоҳ хабар додаанд.

Талаботи нав, ки ҳаҷми ёрдампулии наздиконро барои донишҷӯёни туркман дар хориҷа маҳдуд мекунад, яке аз чандин чораи пешгирӣ аз интиқоли пул ба берун аз Туркманистон аст. Умуман, барои фиристодани пул ба хориҷа санадҳои зиёд талаб карда мешаванд. Дар мавриди дониҷшӯён ҳамчунин ҳуҷҷатҳое хоста мешаванд, ки дараҷаи хешовандии шахсеро, ки пул мефиристад бо қабулкунандаи он нишон диҳад.

Маҳдудият ҳамчунин қабули пул аз хориҷи кишварро низ фаро мегирад. Бино бар талаботи расмӣ шахсе, ки ба номаш маблағ омадааст, барои гирифтани он нусхаи санади ирсоли пул, гувоҳиномаи ҳувияти фиристонандаи маблағ, гувоҳиномаи маоши ӯ ва дараҷаи хешовандии ду тарафро пешниҳод кунад.

Вернуться назад