Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Футболбози тоҷик то охири ин мавсим дар Қазоқистон мемонад
Главная > Тоҷикистон, Ҷавонон ва варзиш > Футболбози тоҷик то охири ин мавсим дар Қазоқистон мемонад

Футболбози тоҷик то охири ин мавсим дар Қазоқистон мемонад


3 феврал 2017, 09:53. Разместил: MG
Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон қарордодаш бо дастаи “Тараз”-и Қазоқистонро тамдид кард.

Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, муҳлати ин қарордод то охири мавсими 2017 буда, Эргашев дар ҳайати “Тараз” ва лигаи аввали Қазоқистон бозӣ хоҳад кард.

Футболбози 28-солаи тоҷик дар гузашта дар ҳайати “Жетысу”-и Қазоқистон ҳам ба майдон баромадааст. Ӯ дар сатҳи премер-лигаи чемпионати Қазоқистон 72 бозӣ анҷом дода, 2 гол задааст.

Вернуться назад