Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Таҳияи Стратегияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Таҳияи Стратегияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон

Таҳияи Стратегияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон


3 феврал 2017, 17:12. Разместил: MG
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли таҳияи Стратегияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак аст. Он мушкилиҳои асосиеро, ки дар ҳаёти кӯдакон рух медиҳад, фаро хоҳад гирифт.

Раҷабмоҳ Бадриддинова, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак имрӯз, 3 феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, қарор аст, таҳияи ин стратегия моҳҳои наздик ба анҷом расад. Ӯ ҳадафи асосии Старатегияи ҳифзи кӯдакро мусоидат ба вазъи ҳуқуқи кӯдакон, муайян намудани мушкилот ва пешниҳоди тавсияҳо барои ҳалли мушкилот унвон кард.

Хонум Бадриддинова иброз дошт, дастрасии кӯдакон ба таҳсил аз муҳимтарин бандҳои Стратегия мебошад. “Таҳияи чунин Стратегия кори осон нест, мо кор карда истодаем, бояд муяйн кунем, ки бештар дар кадом самтҳо фаълият барем. Албатта мо дар ҳама самтҳо кор мебарем, дар доираи ин Старатегия ба масъалаи кӯдаконе, ки аз гуруҳои осебпазир ва маъюбанд, бештар афзалият медиҳем”,-афзуд вай.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак гуфт, ин Стратегия барои 4 ё 5 сол таҳия хоҳад шуд.

Акс аз бойгонӣ

Вернуться назад