Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > “Истиқлол” бозигарашро аз тими Булғористон “иҷора” гирифт
Главная > Тоҷикистон, Ҷавонон ва варзиш > “Истиқлол” бозигарашро аз тими Булғористон “иҷора” гирифт

“Истиқлол” бозигарашро аз тими Булғористон “иҷора” гирифт


8 феврал 2017, 15:48. Разместил: MG
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Нуриддин Давронов, собиқ нимҳимоятгарашро аз дастаи “Дунав”-и Булғористон барои бозӣ дар ҳайати даста то охири моҳи июл ба иҷора гирифтааст.

Рустам Ҳакимов,
сухангӯи бошгоҳи “Истиқлол” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар пайи гуфтушуниди раҳбарияти “Истиқлол” ва “Дунав” мувофиқа шуд, ки Давронов то моҳи июл дар ҳайати тими Душанбе бошад ва ҳатто имкон дорад то охири мавсим инҷо бимонад.

Ба иттилои манбаъ, Давронов дар ҳама рақобатҳои даста таҳти рақами қаблиаш -- 8 ба майдон мебарояд.

Нуриддин Давронов моҳи июни соли 2016 бо даъвати тими “Дунав”-и Булғористон аз “Истиқлол” ба ин даста гузашта буд. Даъвати Давронов ба “Истиқлол” дар ҳолест, ки даста дар чор бозии санҷишии давраи омӯзишиаш дар Туркия аз дастаҳои “Интер”-и Озарбойҷон, “Қайсар” -и Қазоқистон, “Пандурий”-и Руминия ва “Енисей”-и Красноярск шикаст хӯрд.

Вернуться назад