Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистону Русия бо иттиҳоми қочоқи силоҳ (ВИДЕО)
Главная > Тоҷикистон, Рӯ ба рӯ, Муҳоҷир, Видео > Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистону Русия бо иттиҳоми қочоқи силоҳ (ВИДЕО)

Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистону Русия бо иттиҳоми қочоқи силоҳ (ВИДЕО)


25 феврал 2017, 10:18. Разместил: MG
Дар пайи як амалиёти вижаи Хадамоти федеролии амниятӣ (ФСБ) дар Саратов ду шаҳрванди Тоҷикистон ва се табааи Русия боздошт шудаанд. Онҳо дар қочоқи силоҳ муттаҳам мешаванд.

Дафтари матбуоти Раёсати ФСБ дар Саратов гуфтааст, як корманди ин ниҳод худро харидори силоҳ нишон дода, дар назди як қаҳвахона бо яке аз ин панҷ нафар мулоқот кардааст. Баъди он ки ба ӯ норинҷак дода, бар ивазаш пул гирифтааст, кормандони ФСБ ба амалиёт дар дохили қаҳвахона оғоз кардаанд. Манбаъ мегӯяд, аз ҷойи ҳодиса тапончаи худсохт, 27 тир, ду норинҷаки Ф-1 ёфт ва мусодира гардидааст: “Аз утоқи яке аз ин боздоштшудаҳо бошад, тапонча, 65 тир, ду норинҷаки Ф-1 мусодира гардид”.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русия дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта шуда, ду табааи Русия бо шарти берун нарафтан аз минтақаи зист раҳо шудаанд: “Ҳар кадоми онҳоро то 8 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад”.

Ҷараёни амалиёти боздошт тавассути дурбине, ки дар кулоҳи яке аз кормандони ФСБ насб шудааст, сабт гардидааст.



Вернуться назад