Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Мансаби набераи Президент дар Федератсияи футбол
Главная > Қазоқистон > Мансаби набераи Президент дар Федератсияи футбол

Мансаби набераи Президент дар Федератсияи футбол


28 феврал 2017, 16:31. Разместил: MG
Ойсултон Назарбоев, набераи Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон дар Федератсияи футбол вазифа гирифтааст.

Бино ба иттилои Tengrinews.kz, дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФҚ, ки 28 феврал баргузор шуд, Назарбоев иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти федератсия оид ба робита бо ФИФА, УЕФА ва Ассосиатсияҳои миллӣ таъин шудааст.

Дар бораи Ойсултон иттилои хеле каме дар расонаҳо аст. Моҳи августи соли 2013 расонаҳо аз арусии ӯ хабар доданд.

Ойсултон Назарбоев хатмкардаи академияи низомии Сандхерести Британия гуфта мешавад.

Вернуться назад