Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ошноӣ бо “Абу Молик” Ҳусниддинро ба зиндон бурд
Главная > Ҳуқуқи инсон > Ошноӣ бо “Абу Молик” Ҳусниддинро ба зиндон бурд

Ошноӣ бо “Абу Молик” Ҳусниддинро ба зиндон бурд


14 март 2017, 11:17. Разместил: MG
Исломбой Ғозиев, сокини ноҳияи Спитамен мегӯяд, ошноӣ бо “Абу Молик” наберааш Ҳусниддинро барои 15 сол равонаи зиндон кардааст. Ҳусниддин Ғозиеви 25-сола, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен, соли 2013 барои дарёфти кору рӯзӣ назди модараш ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия ба муҳоҷират рафта, дар як коргоҳи кафшдӯзӣ кор мекард.

НАҚШИ “ОДНОКЛАССНИКИ” ДАР ОШНОИИ ҲУСНИДДИНУ “АБУ МОЛИК”

Бино ба нақли Исломбой, наберааш Ҳусниддин дар вақти берун аз кори коргоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла “Одноклассники” ворид шуда, худро ба гурӯҳи “Давлати исломии ироқу шом” гурӯҳе, ки бо мақсади ҷалби ҷавонон, ба муҳорибаҳои Ироқу Сурия созмон дода шудааст, шомил намудааст. Нафаре, ки дар ин гурӯҳ бо Ҳусниддин “ошноӣ” намуда ва пайваста мулоқот карда ақидаҳои ифротиро ташвиқ намудааст, “Абу Молик” будааст. Баъди суҳбату мулоқотҳои виртуалӣ дар ин ин гурӯҳ, Ҳусниддин ба ин қарор омада, ки назди ошнояш “Абу Молик” аз Маскав ба давлати Туркия равад. Дар рӯзи 13-уми ноябри соли 2015 бехабар аз модараш чиптаи ҳавопаймои самти Маскав-Истанбул харида, тавассути фурудгоҳи Шереметовои Русия ба Туркия сафар кардааст. Пеш аз сафар ба модараш, ки бо ӯ якҷо кор мекард, тавассути “ВотСап” суҳбат кардаву гуфтааст, дар наздикии шаҳри Маскав кори нав пайдо кардаасту ҳамроҳи дӯстонаш минбаъд инҷо кор мекунад. Агар лозим шавад ба “ВотСап” суҳбат карда метавонанд. Аммо модар бехабр аз он аст, ки Ҳусниддин дигар ба дидори “ошнояш” вайро тарк кардааст.

Ошноӣ бо “Абу Молик” Ҳусниддинро ба зиндон бурд“То замоне, ки Ҳусниддин ба назди “Абу Молик” ба Туркия равад, ӯ дар Маскав бо Бухориев Нуралӣ Ҳайдаралиевич, ҷавони тоҷикистонӣ, зодаи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон шинос шуда, риштаи дӯстӣ бастааст. Аммо бехабар аз он ки ин рафиқи ӯ яке аз ҷавонони ифротишудаест, ки дар шаҳри Маскави Русия панаҳ бурда ва асосан бо рафиқонаш ақидаҳои ифротӣ ва хурофотиро талқин мекунад ва дар феҳристи мақомотҳои қудратии Тоҷикистон, барои содир кардани ҷиноят бо моддаи 401/1 (ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо) дар пайгарди қонунӣ мебошад”,- мегӯяд Исломбой.

Ба гуфтаи вай харитаи сафари Ҳусниддинро ба Туркия “Абу Молик” тавассути “Одноклассники” кашидааст. Вақте Ҳусниддин аз фурудгоҳи Туркия берун мешавад, “Абу Молик” тавассути “Одноклассники” ба ӯ фаҳмондааст, ки ба таксӣ нишинад ва ба минтақаи Кейшер ояд ва худаш ба пешвозаш мебарояд. Дар Кейшер “Абу Молик” Ҳусниддинро пешвоз гирифта, ба хонае, ки ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандонаш иқомат мекард, бурдааст. Он ҷо ба ғайр аз Ҳусниддин “дӯстон”-и дигари “Абу Молик” аз Узбекистон ва се нафар аз Доғистон, ки барои рафтан ба Сурия омодагӣ медиданд, қарор доштаанд. То рафтан ба Сурия ӯ ҳамроҳи “Абу Молик” ва Абдулло ном як ҷавони доғистонӣ дар як меҳмонхона дар Ғазиантепи Туркия қарор гирифтаанд. Вақте Ҳусниддину “Абу Молик” ва Абдулло дар саҳни беруни меҳмонхона суҳбат мекарданд, мақомоти қудратии Туркия ба таъқиби онҳо шитофтаанд. “Абу Молик” ва Абдулло гурехта нопадид шуда ва Ҳусниддин боздошт шудааст. Баъди дастгир намудани Ҳусниддин, ӯро 4 рӯз ба минтақаи Ғазиантеп нигоҳ дошта, баъдан ба шаҳри Истанбул ва аз он ҷо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додаанд.

Рӯзи 8-уми январи соли 2016 Ҳусниддин Ғозиев ба шаҳри Душанбе фиристода шуда, баъди тафтиши парвандаи ҷиноӣ дар рӯзи 5-уми апрели соли 2016 суди ноҳияи Спитамен дар асоси моддаҳои 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурўҳҳои муташаккил, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад), 32 қисми 3 (сўиқасди ҷиноят ҳаракати (беҳаракатии) қасдонаи шахс мебошад, ки бевосита ба содир кардани ҷиноят равона гардидааст, агар зимнан ҷиноят бо сабабҳои аз ин шахс вобастанабуда то ба охир расонида нашуда бошад – 401/1 (ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо) бо тадбиқи 67 қисми 3 – и (агар яке аз ҷиноятҳои дар маҷмўъ содиршуда ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин бошад, он гоҳ ҷазои ниҳоӣ бо роҳи қисман ё пурра зам кардани ҷазоҳои таъиншуда таъин карда мешавад. Дар ин ҳолат ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ набояд аз сӣ сол зиёдтар бошад) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол маҳкум намуд.

СПИТАМЕН - СЕЮМИН НОҲИЯИ ОСЕБПАЗИРИ СУҒД

Зикирзода Лоиқшо, раиси суди ноҳияи Спитамен, дар як нишасти хабарӣ дар масоили гароиши ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ суҳбат мекард, таъкид варзид, ки Спитамен баъд аз Исфараву Истаравшан, сеюмин ноҳияи осебпазир аз лиҳози гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ба ҳисоб меравад. Ӯ афзуд: “Дар соли 2016, 6 парванда нисбати 7 нафар мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Нисбати 2 нафар, ки дар набардҳои Сурия иштирок мекардаанд, ҳангоми бозгашт дасгир карда, парвандаҳо боз карда шуда, баъди тафтиши ҳамаҷониба суд шудаанд. Барои 5 нафари боқимонда, бо ҷурми шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ суд ҳукм баровардааст”.



Ошноӣ бо “Абу Молик” Ҳусниддинро ба зиндон бурдАммо Убайдуллозода Муаттара Насрулло, раиси ҷамоати шаҳраки “Навкат”-и ноҳияи Спитамен мегӯяд, шомилшавии сокинони ин ҷамоат ба гурӯҳҳои мамнуъ аз маҳҳали зисташон сурат нагирифта, балки мафкураи онҳо дар шароити муҳоҷират сироят шудаву онҳо аз ин роҳ ба сафи гуруҳҳои тундрав шомил шудаанд. Бино ба гуфти раиси ҷамоати шаҳраки “Навкат”, 11 нафар аз сокинони ин ҷамоат бо ҳисоби як зан бо номи Шоиста Мамадқуллова, ки аз баҳри шавҳар ва духтараш баромада бо ду писари ноболиғаш ҳоло дар Сурия қарор доранд, ба сафи гурӯҳҳои тундрав шомил шудаанд. Се нафар аз ин теъдод бо шумули Ҳусниддин Ғозиев дасгир шуда ва бо ҳукми додгоҳ маҳкум шудаанд.

“Онҳое ки ба гурӯҳҳои тундрав шомил шудаанд, ҳамашон пушаймонанд. Аммо афсус, ки онҳо баргашта наметавонанд. Падару модари онҳо аз ин ҳоли фарзандонашон афсӯс мехуранд. Хонаводаҳое, ки аъзои оилаашон шомили ин гурӯҳҳо шудаанд, дар таҳти назорати доимии мо мебошад, мо ҳамеша ба онҳо аз оқибатҳои нодуруст ва рухдоди бадбахтиҳо ёдовар шуда, кӯшиш мекунем, ки мафкураи онҳо аз ҳар гуна ақидаву рафтори бад эмин бошад”,-мегӯяд раиси ҷамоати шаҳраки “Навкат” .



Ҷамоати шаҳраки “Навкат”-и ноҳияи Спитамен бо доштани 23500 аҳолӣ аз калонтарин ҷамоатҳои ноҳия ба ҳисоб меравад. Ин ҷамоат ба фарқ аз дигар ҷамоатҳо на дар наздикии марз бо навоҳии Узбекистон, балки дар маркази ноҳия ҷойгир аст. Вақте мо аз ин ва дигар ҷамоатҳои ноҳияи Спитамен дидан мекардем мушоҳида мешуд, ки мардум ҳама саргарми кору зиндагии худанд. Роҷеъ ба дарёфти кору рӯзӣ сокинон таъкид мекарданд, ки рӯзии худро умдатан аз ҳисоби савдо дар бозор дарёфт мекунанд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки ҳисоби зиндагиашонро аз кори муҳоҷират дарёфт мекунанду ҳоло ба аёдати хонавода омадаанд.

Дар суҳбат бо мо Мақсудҷон Аҳмадҷонов, имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи “Мавлоно Рӯмӣ”-и деҳаи Оқтеппаи ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Спитамен сабабҳои шомилшавии ҷавонони ин ноҳия ба сафи гурӯҳҳои ифротиро чунин шарҳ дод: “Аввалан бачаҳое, ки мераванд дар бораи Ислом тасаввурот, илм надорад. Онҳо дар ҳеч куҷо таълим надидаанд. Инҳоро аз роҳи муҳоҷират, фиреб мекунанд. Баъзеҳо пул гуфта мераванд, аммо дар доми бало меафтанд.

Манобеъ аз ҳукумати вилояти Суғд теъдоди онҳоеро, ки аз вилоят бо роҳҳои гуногун Сурия рафтаанд, беш аз 320 нафар арзёбӣ мекунанд. Дар ин миён 28 духтар ҳам ҳаст. Шумори ҳалокшудаҳо дар муҳорибаҳои Сурияро 51 нафар рақам мезананд.

МУҲОҶИРОНРО ЧӢ ГУНА АЗ ИФРОТГАРОӢ ЭМИН ДОРЕМ?

Ошноӣ бо “Абу Молик” Ҳусниддинро ба зиндон бурдЗайнура Шарифӣ, сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, бо вуҷуди ба 130 807 нафар коҳиш ёфтани шумори муҳоҷирон дар соли 2016, вале ҳодисаҳои аз роҳи муҳоҷират шомил шудани сокинон ба сафи гурӯҳҳои ифротгаро ва ё иштироки онҳо дар муҳорибаҳои миёни Ироқу Сурия ниҳоди онҳоро ба ташвиш овардааст. Раёсати хадамоти муҳоҷират дар Суғд омори дақиқи аз роҳи муҳоҷират пайвастани шаҳрвандони вилоят ба сафи “давлати исломӣ”-ро дар даст надорад, вале ба далели ҷойдошти ингуна ҳодисаҳо, онҳо тасмим гирифтаанд, ки дар нуқтаҳои сафари муҳоҷирон Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд ва Роҳи Оҳани н. Б. Ғафуров варақаҳои иттилотии “Пеш аз сафар бидон” ки умдатан аз хатарҳои терроризм ва экстремизм ҳикоят мекунад ройгон дастрас намоянд, мегуяд Зайнура Шарифӣ.



Вай афзуд, “бо дастгирии Хадамоти муҳоҷират мо теъдоди зиёди маводи тарғиботиро алайҳи шомилшави ба гурӯҳҳои ифротгароӣ омода намудем, ки ҳам тавассути субъектҳое, ки ба кортаъминкунӣ машғул ҳастанд ва ҳам тариқи субъектҳое, ки ба мусофирбарӣ машғул мебошанд ҳам тариқи Фурудгоҳ ва Роҳи Оҳан, ки бевосита шабонарӯзӣ кормандони мо фаъолият мекунанд, ин маводҳоро мо дастрас кардаем. Дар Фурудгоҳи байналмиллаии Хуҷанд бо дасгирии роҳбарияти Фурудгоҳ мо ҳаракат дорем, ки дар соли равон махсус видеороликҳоро дар экранҳои калон дар толори мунтазиршавӣ пеш аз вақти парвоз намоиш дода мешаванд. Каме бошад ин пеш аз сафар барои муҳоҷирон ин дарс мешавад, огоҳӣ аст, ки аз доми гурӯҳҳои ифротгар эмин бошад”.

Аммо коршиносон таъкид меварзанд, ки агар ҷои кори мусоид дар кишвар барои ҷавонон фароҳам оварда шавад ҳоҷат ба муҳоҷират ва аз он ба дигар гурӯҳҳои мамнӯъ шомил гардидани ҷавонон намемонад. Абдусабури Абдуваҳҳоб коршинос дар умури ҷавонон мегӯяд, бекориву бепулӣ ҷавонони зиёдро гумроҳ намудааст. Бархеи ҷавонон барои ба даст овардани андак маблағ ноогоҳона ба корҳое даст мезананданд, ки ба сарнавишти худу пайравони худ хатар эҷод мекунад: “Фароҳам наовардани шароити маишии ҷавонон метавонад, як ангезае бошад, ки ҷавонон ба гурӯҳи манмӯъи ифротгароӣ дохил шаванд. Ҷавонони имрӯзаи мо шояд ба он хотир ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, ки дараҷаи саводнокӣ ва шуурашон намегузорад, ки онҳо мустақилона фикр кунанд, ки паёмади ин корашон чи мешуда бошад. Вазъи молиявӣ метавонад, онҳоро ба ин гуна роҳҳо расонад. Баъзе ҷавонони гумроҳ ба хотири андак маблағ, ки зиндагии хонаводаашонро беҳ месозанд, ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванду қурбон мешаванд”.



Рад кардани тунгароии ҷавонон ва ё татбиқи чораҳои ҷазодиҳӣ нисбати онҳо натиҷаи самаранок намедиҳанд, андеша доранд бархеи коршиносон. Дар ин самт бояд чораҳои систематикӣ андешид, ки ба паст бурдани омилҳои иқтисодӣ, сиёси ва идеологӣ равона карда шаванд. Ва барои рушду фаъоляити гурӯҳҳу созмонҳое, ки манфиати ҷавононро чун як гурӯҳи мустақили иҷтимоӣ баён мекунанд, мусоидат кунад.

Қамари АҲРОР

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.

Вернуться назад